Баъзе аз оятҳое, ки дар бораи Имом Алӣ ва Аҳли Байт нозил шудааст



Ояти татҳир ва мушаххас кардани Паёмбари гиромии Ислом Аҳли Байти худро

نزلت هذه الآية ‘‘إنّما يريد الله ليذهب عنكم الرجس أهل البيت و يطهِّركم تطْهيراً‘‘ على النّبيّ صلّي الله عليه و آله وهو في بيت أُمّ سلمة فدعا النّبيّ فاطمة و حسناً و حسيناً و جلّلهم بكساء و عليٌّ خلف ظهره ثمّ قال: اللّهمّ هؤلاء أهل بيتي فاذهب عنهم الرجس و طهّرهم تطهيراً. قالتْ أُّمّ سلمة: و أنا منهم يا رسول الله؟ قال: أنتِ على مكانكِ و أنتِ إلى خير.

Ҳангоме ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар хонаи Умми Салама буданд, ояти зер барояшон нозил шуд " Худованд ирода мекунад, ки фақат аз шумо Аҳли Байт риҷс ва нопокиҳоро дур бикунад ва шуморо комилан пок ва тоҳир созад " Вақте нозил шуд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро ба назди худ хонданд ва онҳоро ба зери ҷомае дохил намуданд, сипас фармуданд: Худовандо инҳо Аҳли Байти ман ҳастанд, гуноҳ ва нопокиҳоро аз инҳо дур бигардон ва инҳоро комилан пок бисоз. Дар ин вақт Умми Салама гуфт: Эй Расули Худо, ман ҳам бо онҳо ҳастам? Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ту дар ҷои худат бимон ту дар хайру некӣ ҳастӣ, (вале ту ҷузъи ин оят нестӣ)".

  Ровиёни ҳадис : 1)Имом Алӣ. 2)Умми Салама. 3)Оиша. 4)Ибни Аббос. 5)Абўсаид. 6)Саъд ибни Абўваққос. 7)Анас. 8)Восила ибни Асқаъ. 9)Ҷаъфар ибни Абутолиб. 10)Абўҳамроа. 11)Бурайда. 12) Умар ибни Абўсалама. 13)Маъқал ибни Ясор. 14)Атия.

 Китобҳо: 1)Саҳеҳи Муслим ҷ.4.саҳ.8183.р.2424. 2)"Муснад"-и Аҳмад ҷ.1.саҳ.330.р.3062.ҷ.4.саҳ.107.ҷ.6.саҳ.292-323.р.26551-26789 ва Фазоил-ус-саҳоба”-и Аҳмад ҷ.2.саҳ.632.р.994-1077-1149-1404. 3)Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.351-663.р.3205-3788. 4)"Сунан-ул-кубро” ҷ.1.саҳ.107.р.8399 ва Хасоис"-и Насоӣ р.54. 5)"Мўъҷам-ул-авсат" ҷ.3.саҳ.166.р.2815.ҷ.4. саҳ.134. р.3799. 6)"Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.53,р.2662-2663-2666 то 2670-2673,ҷ.22.с.66,р.160.ҷ.23.саҳ.249-327-333-337-396. 7)"Муснад”-и Баззор ҷ.6.с.210.р.2251. 8)Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ҷ.15.с.432.р.6976. 9)” Мусаннаф ”-и Ибни Абўшайба ҷ.6.саҳ.350.р.32102-32103. 10)“Муснад”-и Исҳоқ ибни Р оҳавия ҷ.3. саҳ. 678.р.1271. 11)”Зуррият-ут-тоҳира”-и Дулобӣ ҷ.1.саҳ.108. р.201. 12)”Табақот-ул-муҳаддисин”-и Ибни Ҳаббон ҷ.3.саҳ.384. 13)”Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.2.саҳ.451, р. 3559.ҷ.3.саҳ.159.р.4706 то 4709. 14)"Сунан"-и Байҳақӣ ҷ.2.саҳ.150-152 . р.2680-2684-2691-2692. 15)Тафсири Табарӣ. 16)"Исоба"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.саҳ.405,ҷ.4.саҳ.367. 17)Тафсири Саълабӣ. 18)"Тафсир"-и Ибни Касир. 19)"Тафсир"-и Фахр и Розӣ. 20)"Асбоб-ун-нузул"-и Воҳидӣ. 21)"Тафсир"-и Кашшоф. 22)"Тафсир"-и Қуртубӣ. 23)"Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.7.саҳ.91.ҷ.9.саҳ.167-168-169-172 бо чандин санад. Ин ҳадис аз аҳодиси мутавотира аст.

Мудовимати Паёмбари гиромии Ислом бар шиносондани Аҳли Байти худ

عن أنس قال: إنّ رسول الله صلّى الله عليه و آله وسلم كان يمرُّ ببيت فاطمة ستة أشهر إذا خرج إلى صلاة الصّبح و يقول: الصّلاة إنّما يريد الله ليذهب عنكم الرّجس أهل البيت و يُطهّركم تطهيراً.

Анас ибни Молик мегўяд: Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар давоми шаш моҳ ҳар рўз, ки барои намози субҳ мерафтанд аз назди хонаи Фотима мегузаштанд ва мефармуданд: Намозро пос бидоред! Худованд мехоҳад фақат аз шумо А ҳли Б айт риҷс ва нопокиро д у р бик унад ва шуморо комилан пок гардонад . (Ин амалро такрор мекарданд то ба мардум узре боқ ӣ намонад).

Ровиён: 1)Имом Алӣ. 2)Абўҳамроа. 3)Абўбурза. 4)Анас. 5)Абўсаиди Худрӣ. Ҳар як аз ин ровиён бо ихтилофи лафзӣ баъзе шаш ва баъзе ҳашт моҳ, худ шоҳиди ин амали Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) будаанд.

  Китобҳо: 1)“Мусаннаф”-и Ибни Абў ш айба ҷ.6.саҳ.388,р.32272. 2)" Фазоил-ус-саҳоба ” ҷ.2. с. 761.р.1340 ва “Муснад"-и Аҳмад ҷ.3.с.259-285. р.13754 -14072. 3)Тафсири Табарӣ. 4)Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.352,р.3206. 5)"Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.3.саҳ.56,р.2671-2672,ҷ.22.саҳ.200-402. р.525-1002. 6)"Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.8.саҳ.112.р.8127. 7)"Мўъҷам-ус-сағир” ҷ.1.саҳ.231.р.375. 8)”Муснад"-и Абўяъло ҷ.7.саҳ.60, р.3978-3979. 9)"Ал-Куно”-и Бухорӣ ҷ1.саҳ.25.р.205. 10)”Ал-оҳод вал-масонӣ ”-и Аҳмад ибни Амр ҷ.5.саҳ.360.р.2953. 11)“Табақот-ул-муҳаддисин”-и Ибни Ҳаббон ҷ.4.саҳ.148. 12)”Ансоб-ул-ашроф"-и Билозарӣ саҳ.104. 13)" Ал-Истиоб ”-и Ибни Абдулбар ҷ.4.саҳ.1542.р.2691-2920. 14)"Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.саҳ.121-168-169. 16)"Усд-ул-ғоба"-и Ибни Асир ҷ.5. саҳ.521. 17)Тафсири Саълабӣ. 18)Таърихи Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.134. 19)"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.2.саҳ.97. 20)Тафсир ва Таърихи Ибни Касир ҷ. 8.саҳ.224. 21)"Канз-ул-уммол" ҷ.13.саҳ.646,р.37632. 22)"Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.172.р.4748. Ҳоким, Заҳабӣ ва Тирмизӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

Нузули ояти татҳир дар бораи пан ҷ тан

قال رسول الله صلّىالله عليه وآله: نزلتْ هذه الآيةُ‘‘ إنّما يريد الله ليذهب عنكم الرّجس أهل البيت و يطهِّركم تطهيراً‘‘ في خمسة: فيّ و في عليّ و الحسن و الحسين وفاطمة.

 Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд:



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 next