Рўза дар сафар ва ҳукми он



 

Масъалаи дигаре, ки хуб аст ишорае ба он шавад, масъалаи ҳукми рўза барои мусофир аст. Чун дар ин мавзўъ низ фатвоҳо мухталиф аст, бинобар ин лозим аст дар ин мавзўъ низ таҳқиқе намоем.

Фатвоҳо дар мавриди ҳукми рўза дар сафар.

Ҳанафиҳо ва шофеиҳо дар бораи рўзаи фарз дар сафар мегўянд: “Рўза дар сафар агар мушаққат ва сахтӣ надошта бошад мустаҳаб аст ба далели ояти: “Ан тасуму хайрун лакум” (Ин ки рўза бигиред беҳтар аст).

Моликиҳо мегўянд: “Агар машаққат ва сахтӣ надошта бошад, афзал ва беҳтар бар мусофир ин аст, ки рўза бигирад”.

Ҳанбалиҳо мегўянд: “Суннат ин аст, ки мусофир дар сафар рўза надорад ва рўза гирифтан макрўҳ аст, гарчӣ машаққат надошта бошад ба далели ҳадиси “Рўза гирифтан дар сафар хайр ва савоб намебошад”. Китоби “Ал-Фиқҳу алал мазоҳибил арбаа” боби “рўзаи макрўҳ.

Ҷаъфариҳо мегўянд: “Рўза доштан дар сафар ҷоиз нест ва ҳар ки бо илму огоҳӣ (дар сафар) рўза бигирад, бояд қазои онро дар ватанаш бидорад”.

 

 

Ривоятҳо дар ин замина

Инак, бо аҳодиси исломӣ дар мавриди рўзаи дар сафар ошно хоҳем шуд:

قال جابر بن عبد الله كنا مع رسول الله زمان غزوة تبوك ورسول الله يسير بعد أن أضحى إذا هو بجماعة في ظل شجرة فقال "من هذه الجماعة"؟ قالوا رجل صائم أجهده الصوم أو كلمة نحو هذه فقال رسول الله "ليس من البر أن تصوموا في السفر"



1 2 3 4 5 6 7 8 9 next