Марсияхонӣ бо наср



 

Баъзеҳо савол мекунанд: Чаро дар мотами авлиёи илоҳӣ сугворӣ ва марсиясароӣ мекунем? Оё дар миёни умматҳои пешин ин гуна аъмоле будааст? Оё Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва Аҳли Байташ ин гуна аъмолро дар сўги бузургон анҷом медоданд? Оё саҳоба ва тобеин ва ба таъбири дигар салафи солеҳ чунин амале анҷом медоданд ё на?

Бо муроҷиа ба таърих пай мебарем, ки марсияхонӣ ба наср дар сўги авлиёи илоҳӣ суннати мутадовил аз садри Ислом то кунун будааст. Инак ба намунаҳое аз он ишора мекунем:

А-Марсияхонӣ дар сўги авлиёи илоҳӣ

Бо муроҷиа ба таърих пай мебарем, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва саҳоба дар сўги амвот ба хусус авлиёи илоҳӣ марсиясароӣ мекарданд.

1-Марсияи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ

Ҳалабӣ аз Ибни Масъуд нақл мекунад: “Мо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро гирён бар касе монанди Ҳамза надидем. Ҷанозаи ўро ба тарафи қибла қарор дод, онгоҳ ба болини ҷанозааш истод, сипас сайҳае зад, ки наздик буд аз ҳуш биравад. Дар ин ҳангом фармуд: Эй амаки Расули Худо! Ва эй шери Худо ва Расулаш, эй Ҳамза, эй анҷомдиҳандаи хайрот, эй Ҳамза ва эй бартараф кунанди ғуссаҳо, эй дифоъкунанда ва нигаҳбони Расули Худо!!”.[1]

2-Марсияхонии Фотимаи Заҳро алайҳо салом

Анас ибни Молик мегўяд: “Вақте аз дафни Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фориғ шудем, Фотима рў ба ман карду гуфт: Эй Анас! Чӣ гуна тавонистед хок ба сурати Паёмбар бирезед? Онгоҳ ба гиря сар карду нидо сар дод: Эй падарам, ки даъвати Парвардигоратро иҷобат кардӣ?! Эй падарам, ки ба қурби Парвардигорат рафтӣ?! Эй падарам, ки нидои Парвардигоратро посух додӣ?!...[2]

3-Марсияхонии Оиша

Ибни Абдураббиҳ мегўяд: Оиша бар сари қабри Абўбакр истоду гуфт: “Бузургтарин ҳодисаҳо баъд аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз даст додани ту аст”.[3]

4-Марсияхонии Имом Ҳасан алайҳис-салом

Табарӣ бо санади худ аз Холид ибни Ҷобир нақл мекунад, ки аз Имом Ҳасан алайҳис-салом шунидам баъд аз кушта шудани Имом Алӣ алайҳис-салом дар зимни хутбае фармуд:

لقد قتلتم الليلة رجلا فى ليلة فيها نزل القران وفيها رفع عيسى بن مريم و فيها قتل يوشع بن نون فتى موسى والله ما سبقه احد کان قبله ولايدرکه احد يكون بعده و الله ان کان رسول الله صلى الله عليه وآله ليبعثه فى السرية وجبرئيل عن يمينه وميكائيل عن يساره والله ما ترك صفراء ولا بيضاء الا  ثمانمائة او سبعمائة ارصدها لخادمه

Шумо имшаб мардеро куштед, ки дар он шаб Қуръон нозил шуд. Ва дар он шаб Исо ибни Марям алайҳис-салом ба осмон рафта ва Юша ибни Нун, ҷавонмарди Мўсо кушта шуд. Ба Худо савганд! Қабл аз ў касе аз ў сибқат нагирифта ва баъд аз ў, ҳеҷ кас ўро дарк нахоҳад кард. Ба Худо савганд!  Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ўро дар Сария (ҷанге, ки худи он ҳазрат ширкат надоштанд) мефиристод дар ҳоле, ки Ҷабраил дар тарафи рости ў ва Микоил дар тарафи чапи ў буд. Ба Худо савганд! Ҳеҷ зардӣ ва сафедӣ (тилло ва нуфрае) боқӣ  нагузошт ба ҷуз ҳафтсад дирҳам, ки барои ходимаш канор гузошта буд”.

5-Марсияхонӣ дар сўги Имом Ҳасан алайҳис-салом

Ҳокими Нишопурӣ бо санадаш аз Уммибакр ибни Мансур нақл мекунад, ки гуфт: Чун Ҳасан ибни Алӣ аз дунё реҳлат кард, занони Бани Ҳошим барои ў як моҳ азодорӣ карданд.[4]



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 next