Муборизоти Амиралмўъминин дар ҷангҳо



Саълабӣ нақл карда аст, ки дар ҷанги Уҳуд ҳазрати Алӣ ҳудуди 70 захм ва ҷароҳат бардошт. [1]Ва Ибни Асир мегўяд: Дар он рўз Алӣ 16 зарба хўрд, ки дар ҳар зарба ба замин меафтод ва дар ҳар бор Ҷабраил ўро аз замин бар медошт.[2]

Ибни Касир, ки таассуб ва бархурди ношоистааш бо ахбори фазоили Аҳли Байт васф нашуданӣ аст, бо ин вуҷуд мегўяд:

وقد قاتل علي يوم أحد قتالا شديدا وقتل خلقا كثيرا من المشركين وغسل عن وجه النبي صلى الله عليه و آله الدم الذي كان أصابه من الجراح حين شج في وجهه وكسرت رباعتيه وشهد يوم الخندق فقتل يومئذ فارس العرب وأحد شجعانهم المشاهير عمرو ابن عبدود العامري كما قدمنا ذلك في غزوة الخندق

Алӣ дар Уҳуд ҷанги сахте кард ва мушрикини фаровонеро ба қатл расонид ва аз чеҳраи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ хунеро, ки бар асари ҷароҳат бо шикастани дандонашон расида буд, пок намуд, дар Хандақ Амр ибни Абдавадро, ки қаҳрамони араб ва шахсе буд, ки дар шуҷоат шўҳрат дошт, ба қатл расонид. [3]

Дар ҷанги Уҳуд ҳазрати Ҷабраил ба хотири қаҳрамониҳои ҳазрати Алӣ фармуд: Ҳеҷ шамшере монанди Зулфиқор нест ва ҳеҷ ҷавоне монанди Алӣ нест. Ин хабарро аз Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ Амиралмўъминин, Абўзар, Ибни Аббос ва Абўрофеъ ривоят кардаанд. [4]

Дар ҳадиси дигар вақте Амиралмўъминин 9 нафар (ё ёздаҳ нафар бинобар нақли Таърихи Хамис, ҷ 1, саҳ 427) аз парчамдорони мушрикинро рўзи Уҳуд якеро пас аз дигарӣ ба қатл расонид, Ҷабраил фармуд: Эй Расули Худо, ин қатъан фидокорӣ ва аз худгузаштагӣ аст. Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ҳамоно Алӣ аз ман аст ва ман аз Алӣ ҳастам. Ҷабраил фармуд: Ва ман аз ҳар дуи шумо ҳастам эй Расули Худо.[5] Дар баъзе китобҳо монанди Таърихи Табарӣ, Ҷабраил алайҳис салом дар идома фармуд: Ҳеҷ шамшере монанди Зулфиқор нест ва ҳеҷ ҷавоне монанди Алӣ нест. Ин хабар аз Ибни Аббос, Ҷобир, Абўрофеъ ва Рофеъ ибни Хадиҷ ривоят шудааст.

Наҷоти муслимин ба василаи Амиралмўъминин

Ғазваи Хандақ соли чаҳор ва ё панҷум иттифоқ афтод. Қуръон ба равшанӣ ин гуна онро баён мекунад:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اذْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ جَاءتْكُمْ جُنُودٌ فَأَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا وَجُنُودًا لَّمْ تَرَوْهَا وَكَانَ اللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرًا إِذْ جَاؤُوكُم مِّن فَوْقِكُمْ وَمِنْ أَسْفَلَ مِنكُمْ وَإِذْ زَاغَتْ الْأَبْصَارُ وَبَلَغَتِ الْقُلُوبُ الْحَنَاجِرَ وَتَظُنُّونَ بِاللَّهِ الظُّنُونَا هُنَالِكَ ابْتُلِيَ الْمُؤْمِنُونَ وَزُلْزِلُوا زِلْزَالًا شَدِيدًا وَإِذْ يَقُولُ الْمُنَافِقُونَ وَالَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ مَّا وَعَدَنَا اللَّهُ وَرَسُولُهُ إِلَّا غُرُورًا وَإِذْ قَالَت طَّائِفَةٌ مِّنْهُمْ يَا أَهْلَ يَثْرِبَ لَا مُقَامَ لَكُمْ فَارْجِعُوا وَيَسْتَأْذِنُ فَرِيقٌ مِّنْهُمُ النَّبِيَّ يَقُولُونَ إِنَّ بُيُوتَنَا عَوْرَةٌ وَمَا هِيَ بِعَوْرَةٍ إِن يُرِيدُونَ إِلَّا فِرَارًا وَلَوْ دُخِلَتْ عَلَيْهِم مِّنْ أَقْطَارِهَا ثُمَّ سُئِلُوا الْفِتْنَةَ لَآتَوْهَا وَمَا تَلَبَّثُوا بِهَا إِلَّا يَسِيرًا وَلَقَدْ كَانُوا عَاهَدُوا اللَّهَ مِن قَبْلُ لَا يُوَلُّونَ الْأَدْبَارَ وَكَانَ عَهْدُ اللَّهِ مَسْؤُولًا قُل لَّن يَنفَعَكُمُ الْفِرَارُ إِن فَرَرْتُم مِّنَ الْمَوْتِ أَوِ الْقَتْلِ وَإِذًا لَّا تُمَتَّعُونَ إِلَّا قَلِيلًا.

Эй касоне, ки имон овардаед! Неъматеро, ки Худо бар шумо дод ба ёд оваред, дар он ҳангом, ки лашкарҳои (бузурге) ба тарафи шумо омаданд, вале мо бод ва тўфони сахте бар онон фиристодем ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед (ва ба ин васила онҳоро дарҳам шикастем). Ва Худованд ҳамеша ба он чӣ анҷом медиҳед, бено аст. (Ба хотир биёваред) замонеро, ки онҳо аз тарафи боло ва поин (-и шаҳр) бар шумо дохил шуданд (ва Мадинаро муҳосира карданд) ва замонеро, ки чашмҳо(и шумо) аз шиддати ваҳшат хира шуда ва ҷонҳо бар лаб расида буд ва гумонҳои гуногуни баде ба Худо мебурдед. Он ҷо буд, ки мўъминон имтиҳон шуданд ва сахт лағзиданд. Ва (низ ба хотир оваред), замонеро, ки мунофиқон ва бемордилон мегуфтанд: Худо ва Пайғамбараш ҷуз ваъдаҳои дурўғ ба мо надодаанд. Ва (низ ба хотир оваред), замонеро, ки гурўҳе аз онҳо гуфтанд: Эй аҳли Ясриб (эй мардуми Мадина!) Ин ҷо ҷои мондани шумо нест, ба хонаҳои худ бозгардед. Ва гурўҳе аз онон аз Паёмбар иҷозаи бозгашт мехостанд ва мегуфтанд: Хонаҳои мо бесарпаноҳ аст, дар ҳоле, ки бесарпаноҳ набуд. Онҳо фақат мехостанд (аз ҷанг) гурезанд. (Онҳо чунон буданд, ки) агар душманон аз атрофи Мадина бар онон дохил мешуданд ва пешниҳоди бозгашт ба сўи ширк ба онон медоданд, мепазируфтанд ва ҷуз муддати каме (барои интихоби ин роҳ) даранг намекарданд. Дар ҳоле, ки онон пеш аз ин бо Худо аҳд карда буданд, ки пушт ба душман накунанд. Ва аҳди илоҳӣ мавриди савол қарор хоҳад гирифт. Бигў: Агар аз марг ё кушта шудан гурезед, суде ба ҳоли шумо нахоҳад дошт ва дар он ҳангом ҷуз баҳраи каме аз зиндагонӣ нахоҳед гирифт. [6]

Бо таваҷҷўҳ ба ин ояти шарифа, ки ҳоли муслимин дар ғазваи Хандақро баён мекунад, акнун нақши Амиралмўъминин Алӣ алайҳис салом дар ин ҷангро мулоҳиза кунед ва лаззат бубаред то баъд аз ишора ба баъзе ахбор бо баъзе нуктаҳои дигар ошно шавем.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 next