Барпоии шаоири динӣ



 

Аз дастуроти таъкидшудаи шаръи муқаддаси Ислом, барпоии шиорҳои динӣ аст. Амре, ки таъзими он аз тақвои қалб шумурда шудааст. Дар асли ин ҳукм ҳеҷ ихтилофе вуҷуд надорад, вале ихтилоф дар ин аст, ки оё татбиқи ин ҳукм бар масодиқи он ба шаръ вогузор шудааст ё он ки ин татбиқ метавонад ба воситаи урфи муташарриа ва уқало бошад. Дар ин мабҳас ба ин мавзўъ мепардозем.

Гуногунии шаоир

Шаоири динӣ, ки мавриди эътирози баъзе аз фирқаҳои исломӣ қарор гирифта аст, дорои анвои гуногун ва мухталифе аст:

1-Барпоии ёдбуд ва ҷашнҳои вилодати бузургони дин, ҳамонанди Паёмбар ва имомон аз Аҳли Байт амре аст, ки ваҳҳобиён онро аз умури мустаҳдаса баршумурда ва ҳукм ба бидъат ва залолати он мекунанд.

2-Эҳтимом ба рўзҳое, ки дар Ислом ба ёд монданӣ буда ва дар он ҳодисаҳои муҳимме иттифоқ афтода аст, монанди рўзи Беъсат, ҷанги Бадр, ҷанги Хандақ, рўзи фатҳи Макка, шаби меъроҷ, шаби ҳиҷрат, рўзи мубоҳила, рўзи ғадир ва...

3-Дараҷаи болотар аз инҳо, ин ки қубури авлиёи динро обод карда бар рўи он гунбад ва манора бино кунем, то дар ҳақиқат эълон ва ишорае бар вуҷуди имом ва раҳбари илоҳӣ ва даъват ба иқтидо ба дини онҳо бошад.

4-Эҳтимом ба маконҳои ҷуғрофиёӣ, маконҳое, ки дар он ҷо воқеаҳои муҳимме иттифоқ афтода аст, монанди маҳалли Ғадири хум, ғори Ҳиро, ҷои ҷанги Бадр ва масҷидҳое, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар он намоз хондаанд. Ба ин гуна, ки ба он маконҳо ҳозир шуда аз онҳо табаррук ҷўем.

5-Барпоии шаоири Ҳусайнӣ ва барпо кардани ҷаласаҳои азодорӣ дар ёдбуди авлиёи илоҳӣ ва зикри мусибатҳои онҳо.

6-Хондани дуоҳо ва вирдҳои дастиҷамъӣ ва ба сурати муштарак ба нияти барпоии шаоири динӣ.

Баррасии далелҳои руҷҳон

Касоне, ки барпоии шаоири диниро ҷоиз медонанд, ба далелҳои мухталиф тамассук кардаанд, ки ба баъзеи онҳо ишора мекунем:

А-Оёти шаоир

Дар оёти бисёре сухан аз шаоири илоҳӣ ба миён омадааст, ба монанди:



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 next