Аҳли Байт чӣ касоне ҳастанд?



Бархе аз ваҳҳобиҳо бо фиреби мардум аз Аҳли Байти Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ будани Амиралмўъминин Алӣ ибни Абўтолибро мавриди шак қарор дода ва мегўянд: Алӣ агар ба хотири домоди Паёмбар будан аз Аҳли Байт бошад, пас ҳазрати Усмон низ домоди Паёмбар аст ва...! Ва ҳол он ки аз Аҳли Байти Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ будани Амиралмўъминин Алӣ аз мусалламот дар байни уммати Ислом аст ва ваҳҳобиҳо низ хуб инро медонанд, вале гоҳи барои фиреби мардум ин гуна байни мардуме, ки аз Ислом огоҳӣ надоранд шубҳа меандозанд, чун наметавонанд ҷойгоҳи бузурги Аҳли Байтро, ки дар Қуръон ва суннат ворид шуда, ба роҳатӣ инкор кунанд лизо ба ин равиш паноҳ мебаранд. Бинобар ин ба чанд хабари мусаллам ва мутавотири исломӣ ишора мекунем то барои касоне, ки аҳли инсоф ва ҳақхоҳӣ ҳастанд равшан гардад, ки Аҳли Байте, ки дар аҳодис ва оёти Қуръон ворид шуда чӣ касоне ҳастанд.

Таҳовӣ баъд аз нақли чанд аҳодисе, ки хоҳада омад мегўяд:

فدل ما روينا في هذه الآثار مما كان من رسول الله صلى الله عليه وسلم إلى أم سلمة مما ذكر فيها لم يرد به أنها كانت ممن أريد به مما في الآية المتلوة في هذا الباب، وأن المرادين بما فيها هم رسول الله صلى الله عليه وسلم وعلي، وفاطمة، وحسن، وحسين عليهم السلام دون من سواهم ومما يدل على مراد رسول الله صلى الله عليه وسلم بقوله لأم سلمة فيما روي في هذه الآثار من قوله لها : «أنت من أهلي» ... فإن قال قائل: فإن كتاب الله يدل على أن أزواج النبي صلى الله عليه وسلم هم المقصودون بتلك الآية؛ لأنه قال قبلها في السورة التي هي فيها: يا أيها النبي قل لأزواجك إن كنتن (4) إلى قوله: يا نساء النبي لستن (5) إلى قوله: الجاهلية الأولى (6) فكان ذلك كله يردن به؛ لأنه على خطاب النساء لا على خطاب الرجال ثم قال: إنما يريد الله ليذهب عنكم الرجس الآية فكان جوابنا له أن الذي تلاه إلى آخر ما قبل قوله: إنما يريد الله الآية خطاب لأزواجه ثم أعقب ذلك بخطابه لأهله بقوله تعالى: إنما يريد الله ليذهب الآية فجاء على خطاب الرجال؛ لأنه قال فيه: ليذهب عنكم الرجس أهل البيت ويطهركم وهكذا خطاب الرجال وما قبله فجاء به بالنون وكذلك خطاب النساء فعقلنا أن قوله: إنما يريد الله ليذهب الآية خطاب لمن أراده من الرجال بذلك ليعلمهم تشريفه لهم ورفعته لمقدارهم أن جعل نساءهم من قد وصفه لما وصفه به مما في الآيات المتلوات قبل الذي خاطبهم به تعالى وما دل على ذلك أيضا

Ривоёте ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз тариқи Умми Салама расида ва мо нақл кардем далолат мекунад, ки Умми Салама ҷузви касоне, ки дар ин оят иродаи покии онҳо шуда намебошад ва мурод дар ин оят Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн алайҳимус салом ҳастанд на дигарон. Аммо агар касе бигўяд, ки Қуръон далолат мекунад, ки оят дар бораи занони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст, чун оёти пеш аз Татҳир дар бораи онҳост, ҷавоби мо ба ин савол ин аст, ки дар оёти пеш аз Татҳир хитоб бар занон бо сиғаи ҷамъ буд, вале дар ояти Татҳир хитоби ба Аҳли Байти Паёмбар ва ва ба мардон шуд... .[1]

Ибни Ҷавзӣ мегўяд:

والثاني: إنه خاص في رسول الله وعلي وفاطمة والحسن والحسين قاله عليهم أبو سعيد الخدري و روي عن أنس وعائشة وأم سلمة نحو ذلك.

Назари дуввум ин аст, ки ин оят танҳо дар бораи Паёмбар, Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн нозил шудааст ва ин суханро Абўсаиди

Худрӣ гуфтааст ва аз Анас, Оиша ва Умми Салама низ монанди ин сухан ривоят шудааст.[2]

Олусӣ ки аз муфассирини бузург аст, мегўяд:

وأخبار إدخاله علياً وفاطمة وبنيهما الحسن والحسين تحت الكساء وقوله: (اللهم هؤلاء أهل بيتي) والدعاء لهم وعدم إدخال أم سلمة أكثر من أن تحصى، وهي مخصصة لعموم أهل البيت بأي معنى كان البيت فالمراد بهم من شملهم الكساء ولا يدخل فيهم أزواجه صلى الله عليه وسلم.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 next