Имом Маҳдӣ кист?



 

 

 

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Муқаддима

Кунам ҳар корро бо номат оғоз,

              Дили дарбаста бо номат шавад боз.

Пару боле атоям кун, ки доим,

      Кунам дар осмони васл парвоз.

Ахбору аҳодиси фаровоне аз Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва аз хонадони маъсумаш ривоят шуда аст ва ҳикоят аз ин мекунанд, ки Худованди Мутаол дар ҳар асру замоне имом ва роҳнамое фиристод, то ба василаи онҳо мардумро ҳидоят кунад. Вуҷуди онҳоро мояи нузули раҳмати худ бар бандагон қарор дод. Сипас моро амр фармуд, то аз он бандагони солеҳу маҳбубаш табаият карда, дастўроти онҳоро ба ҷон бихарем. Аз ин ҷост, ки Худованд дар Қуръон мефармояд:

"يا ايها الذين آمنوا اطيعوا الله وعطيعوا الرسول واولي الامر منكم".

"Эй аҳли имон, фармон Худо ва Расул ва улул амрро итоат кунед."



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 next