Масҳи бар хуффайн ва мўза



 

Яке аз масоили дигаре, ки хеле муҳим аст, масъалаи масҳи бар масҳӣ ва мўза аст. Ахборе, ки дар ин мавзўъ ривоят шуда, агар уммати исломӣ бар он таваҷҷўҳ кунанд, дарси бузургеро барои уммати исломӣ меомўзад. Масъалаи масҳ бар хуффайн, ки ҳамон масҳӣ ва мўза аст ба гунаест, ки банобар гуфтаи баъзеҳо аз 70 нафар саҳоба ривоят шудааст. Ҳасанӣ Басрӣ мегўяд: 70 нафар саҳобаи бадриро дарк кардам, ки ҳамаи онҳо мўътақид бар масҳи ба хуффайн буданд.[1] Гарчӣ ин суханро бесанад нақл кардаанд ва Айинӣ 70 бадрӣ гуфта, вале Ибни Наҷим 70 саҳоба гуфта ва Қутода гуфтааст: Ҳасани Басрӣ танҳо аз як бадрӣ яъне Саъд ибни Молик мушофиҳатан ҳадис ривоят карда ва Алӣ ибни Мадинӣ низ 70 бадриро дарк кардани ўро инкор кардааст, вале ба ҳар ҳол хеле аз саҳоба мўътақид ба масҳи бар хуффайн будаанд, ки аҳодиси онҳо дар ҳамаи китобҳои аҳли суннат бо санадҳои фаровон ривоят шудааст, бинобар ин лозим аст хеле бар ин масъала диққат шавад.

Бо ин вуҷуд аҳодис ва ахборе бо санадҳои саҳеҳ расида, ки Қуръон ва ояи шарифаи вузў масъалаи масҳи бар хуффайн ва мўзаро насх ва ботил карда аст, ки баъзе муфассирон низ бар он ишора кардаанд. Бинобар ин, акнун ба баррасии ин мавзўъ мепардозем ва барои ошноӣ бо ҳақиқати ин мавзўъ, ба ахбори исломӣ дар ин бора, ишора мекунем.

Уммулмўъминин Оиша мегўяд:

1-لان أخرهما بالسكاكين أحب إلي من أن أمسح عليهما. يعني: الخفين. أو لان أخرهما أو أخر أصابعي بالسكين أحب إلي من أن أمسح عليهما.

Бо кордҳо поямро бибурам беҳтар аз ин аст, ки бар масҳӣ масҳ бикашам. Дар ҳадисе гуфт: Агар ангуштонамро бо корд бибурам беҳтар аз ин аст, ки бар масҳӣ масҳ бикашам.[2] Санади ин ҳадис комилан саҳеҳ аст ва ҳамчунин Қосим ибни Муҳаммад, ки огоҳтарин шахс ба аҳвол ва аҳодиси Уммулмўъминин аст ин ҳадисро аз ў ривоят кардааст.

2-القاسم عن عائشة: لأن تقطع قدماي أحب الي من أن أمسح على الخفين.

Боз Қосим аз Уммумўъминин Оиша ривоят кардааст, ки мегўяд: Агар поҳоям бурида шаванд беҳтар аз ин аст, ки бар хуффайн (масҳӣ) масҳ бикашам.[3] Ибни Ҳаҷар дар санади ин хабар Муҳаммад ибни Муҳоҷирро аз Ибни Ҳаббон нақл карда, ки гуфтааст: Ў ҳадис месозад. Вале воқеъ ин аст, ки касе ҳоли ин ровиро муфассал ва хуб шарҳ надода, ки мо бо ҳақиқати ҳоли ў ошно шавем, вале ба ҳар ҳол ин ҳадис аз Қосим собит аст ва ин санад низ муаййиди он санади саҳеҳи аввал хоҳад буд, гарчӣ заиф ҳам бошад.

Қосим, ки ин хабарро аз Уммулмўъминин ривоят карда касест, ки дар домани Уммулмўъминин Оиша тарбият шуда ва назди ў таълим гирифта ва ўро фақеҳ ва олимтарини аҳли Мадина муаррифӣ кардаанд, ки метавонед ба китоби Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ, ҷ 5, с 53 шарҳи ҳоли рақами 18 муроҷиат кунед.

3-عروة بن الزبير عن عائشة قالت لان أخرجهما أو أخرج أصابعي بالسكين أحب إلي من أن أمسح عليهما.

Боз Уммулмўъминин Оиша мегўяд: Агар ду поямро бо кор (баъд аз пора кардани масҳӣ) берун биоварам бароям беҳтар аз ин аст, ки бар онҳо масҳ кунам.[4]



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 next