14-Эътирофи фарзанди Язид ба дахолати падар



 

Яъқубӣ аз Муовия ибни Язид ибни Муовия, писари Язид нақл мекунад, ки баъд аз он, ки ба ҷои падараш Язид нишаст, дар хутбае гуфт: “Аммо баъд аз ҳамд ва санои илоҳӣ...огоҳ бошед, ки ҷаддам Муовия ибни Абўсуфён, дар амри хилофат бо касе ба даргирӣ пардохт, ки сазовортар ба он аз ҷиҳати хешовандӣ буд... Сипас падарам банди ҳукуматро ба даст гирифт дар ҳоле, ки дорои ахлоқи нек набуд, лизо савор бар ҳавои нафси худ шуд... Онгоҳ шурўъ ба гиря кард ва сипас гуфт: Аз сахттарин корҳо бар мо он аст, ки медонем ў ба чӣ мусибате гирифтор шуда ва чӣ ояндаи бадеро барои худ рақам задааст. Ў касе буд, ки итрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳро ба қатл расонид ва ҳурмати ононро мубоҳ карда ва Каъбаро ба оташ кашид...”[1]

Ин насси таърихӣ беҳтарин шоҳид ва далел бар дахолати тамому комили Язид дар ба шаҳодат расондани Имом Ҳусайн алайҳис-салом аст, чун ҳеҷ кас наздиктар ба ў аз фарзандаш набудааст.

15-Сарзаниш нашудани Ибни Зиёд

Агар куштани Имом Ҳусайн алайҳис-салом ба амр ва иршоди Язид набуда, балки кори худсарона аз ноҳияи Ибни Зиёд будааст он тавре, ки баъзе мегўянд ва Язид аз ин амал норозӣ будааст, бояд дар муқобили амали ибни Зиёд ҷабҳагирӣ мекард ва шадидан бо ў ба муқобила мепардохт ва бо таносуби амали зишташ, ўро сарзаниш менамуд, ҳатто бо вуҷуде, ки Язид аз Имом Ҳусайн алайҳис-салом розӣ набуда вале аз онҷо, ки ба назари баъзе Ибни Зиёд бидуни иҷоза кардааст, лизо бояд мавриди тавбих ва сарзаниши ў қарор мегирифт, зеро аз вазифаи худ зиёдаравӣ карда ва тамарруд нисбат ба давлати марказӣ доштааст, вале аз он ҷо ки мушоҳида мекунем на танҳо ҳеҷ гуна тавбихе аз ҷониби Язид ба ў нашуд, балки ўро ташвиқ низ намуд ин худ далолат дорад бар ин, ки амалкарди Ибни Зиёд бо дастури мустақим ва иршоди Язид ибни Муовия будааст.

16-Ибқои Убайдуллоҳ бар вилоят

Аз таърих истифода мешавад, ки Язид, Ибни Зиёдро ҳатто баъд аз куштани Имом Ҳусайн алайҳис-салом, бар вилоят ва иморати Кўфа ва Басра боқӣ гузошт. Ва ин далолат бар ризояти ў бар амалкарди Ибни Зиёд дорад, вагарна бояд ўро аз иморат ва вилоят барканор мекард.

Ибни Асир менависад: “Чун Язид аз дунё рафт хабар ба Ибни Зиёд расид ... Нидо ба намози ҷамоат дода шуд мардум иҷтимоъ карданд, Ибни Зиёд бар болои минбар рафт ва хабари марги Язидро бар мардум расонд».[2]

Бо тавваҷўҳ ба ин санади таърихӣ, Ибни Зиёд то ҳангоми марги Язид волии Кўфа ва Басра будааст. Ва агар Ибни Зиёд аз ҷониби худ коре карда буд, ки мавриди ризояти Язид набуд, ҳатман Язид ўро барканор мекард ҳамон гуна, ки Нўъмон ибни Баширро аз Кўфа ва Валидро аз вилояти Мадина ба ҷиҳати норизоятӣ аз онон барканор намуд.

17-Ирсоли ҳадяҳо барои Ибни Зиёд

Баъд аз шаҳодати Имом Ҳусайн алайҳис-салом, Язид ибни Муовия ҳадяҳои бисёре барои Ибни Зиёд фиристод ва назди ў аҷр ва қурби хоссе пайдо кард.

1-Ибни Асир менависад: “Вақте сари Ҳусайн алайҳис-салом ба Язид расид, мақом ва дараҷаи Ибни Зиёд назди Язид боло рафт, ҳадияҳое ба ў дод ва ба ҷиҳати он чӣ анҷом дода буд, ўро масрур сохт.[3]

2-Табарӣ нақл мекунад: “чун Абдуллоҳ ибни Зиёд Ҳусайн ибни Алӣ ва фарзандони падарашро ба қатл расонид сарҳои ононро ба суӣ Язид ибни Муовия фиристод. Дар ибтидо Язид аз ин амал хушнуд шуд ва Абдуллоҳ манзалат ва мақоме назди Язид пайдо кард”.[4]

18-Пешгирӣ аз сарзаниши Ибни Зиёд

Язид на танҳо Ибни Зиёдро ба ҷиҳати куштани Имом Ҳусайн алайҳис-салом тавбих накард, балки аз тавбихи ў низпешгирӣ намуд.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 next