12 ҷонишинони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)



 

Дар ҳадиси мутавотири дигар Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҷонишинони баъд аз худро 12 нафар муаррифӣ фармудаанд. Ва аз ин ҳадис низ истифода мешавад, ки замин аз яке аз он 12 халифа холӣ нахоҳад шуд.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ин ҳадисро низ Паёмбари гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба монанди ҳадиси Сақалайн дар ҷойҳои гуногун эрод фармудаанд, ки яке аз он ҷойҳо ҳамон Ҳаҷҷатул видоъ ва рӯзи Арафа будааст.

Инак, бо он ҳадис ва назари уламо дар бораи он ошно мешавем:

Паёмбари гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд:

الخلفاء بعدي إثنا عشر كعدد نقباء بني إسرائيل.

Хулафо ва ҷонишинони ман баъд аз ман, дувоздаҳ нафаранд ба адади пешвоёни Бани Исроил.

Ҳазрат дар ҳадиси дигар фармуданд:

1- لا يزال هذا الدّين عزيزاً منيعاً إلى إثنا عشر خليفة ثمَّ قال كلمةً لم أفهمها فقلْتُ لأبي: ما قال: قال كلُّهم من قريش.

Пайваста ин дин азизу тавоно ва арҷманд хоҳад буд модоме, ки дувоздаҳ нафар раҳбарияти ин умматро ба ӯҳда дошта бошанд. Сипас калимае фармуданд, ки ман нафаҳмидам. Аз падарам пурсидам, ки дар охир чӣ фармуданд? Гуфт: Фармуданд: Ҳамаи он дувоздаҳ нафар аз Қурайш хоҳанд буд.

Ин ҳадис бо лафзҳои мухталиф аз саҳобагони зер ривоят шудааст: Ибни Масъуд, Ҷобир ибни Самура бо 36-санад, Ибни Умар, Абӯҷуҳайфа, Авн ибни Ҷуҳайфа, Абдуллоҳ ибни Амр, Убай ва Анас ибни Молик.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 next