Иддаои насхи масҳ аз ояти вузў



 

Баъзе аз бузургони аҳли суннат бо қабули ин воқеият, ки ояти вузў далолат бар масҳ мекунад, барои тавҷеҳи шустан, қоил ба насхи масҳ аз ояти вузў шудаанд. Ва ин дар ҳолест, ки ояти шарифаи вузў дар охири умри шарифи Расули гиромии Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил шуда. Ҳамакнун бо ин назарияҳо ошно мешавем:

Ибни Ҳазм мегўяд:

صح ان المسح منسوخ عنهما.

Саҳеҳ аст, ки масҳи бар поҳо насх шудааст.[1]

قال ابن رشد بعد استدلاله بخبر "ويل للأعقاب" على وجوب الغسل: إن السنة ناسخة للقرآن.

Ибни Рушд баъд аз истидлол ба ҳадиси “Вой бар аъқоб аз оташ!” бар лозим будани шустани поҳо, мегўяд: “Суннат (дар ин маврид) носихи Қуръон аст.[2]

Баъзе аз уламои аҳли суннат монанди Шавконӣ гуфтаанд: “Таҳовӣ, Ибни Ҳазм ва Суютӣ чунин иддао кардаанд, ки масҳ (аз ояти вузў) насх шуда аст”.[3]

Олусӣ баъд аз нақли сухани Суютӣ дар насх шудани масҳ мегўяд:

ولا يخفى أنه أوهن من بيت العنكبوت وأنه لأوهن البيوت.

Пинҳон нест, ки ин сухани Суютӣ беарзиш ва беқувваттар аз хонаи тортанак аст ва он беқувваттарини хонаҳост.[4]



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 next