Таъйидкунандагони қиёми Имом Ҳусайн алайҳис-салом



 

Аксари қариб ба иттифоқи аҳли суннат бо икром ва таъзим аз қиёми Имом Ҳусайн алайҳис-салом ёд мекунанд.

Баъд аз воқеаи Карбало мухолифони Аҳли Байт алайҳимус-салом ё аз мухолифат даст бардоштанд, ё ҳолати бе тарафиро канор гузоштанд ва аксари онҳо ба тарзҳои гуногун назари худро эълон карданд.

1-Убайдуллоҳ ибни Ҳурри ҷўъфӣ, ки ҳозир ба ёрии Имом нашуда, буд баъд аз воқеаи Ошўро дар сафи душманони ҳукумати Бани Умайя қарор мегирад ва бар шуҳадои Карбало марсиясароӣ мекунад ва мардумро ба нофармонии ҳукумати Язид даъват мекунад.[1]

2-Зайд ибни Арқам, ки ба шеваи зоҳидона Имомро ба инсироф аз идомаи роҳи Карбало насиҳат мекард, маҷбур ба таслим дар баробари ҳаққонияти он ҳазрат шуд. Ў вақте, ки асирон ва сарҳои шаҳидон ва рафтори бешармонаи ибни Зиёдро нисбат ба онҳо мебинад, мегиряд ва аз зиллати мусулмонон баъд аз он воқеаи ғамбор сухан мегўяд: “Эй мардум! Шумо баъд аз ин рўз бардагоне беш нестед. Шумо фарзанди Фотимаро куштед ва зери амри писари Марҷона қарор гирифтед. Ба Худо савганд! Ў хубони шуморо хоҳад кушт ва бадонатонро ба бардагӣ хоҳад гирифт. Пас вой бар касе, ки ба зиллат ва ор ризоят диҳад”.[2]

3-Абўлаълои Муаррӣ мегўяд: “Қатли Ҳусайн ва ба хилофат нишастани Язид аз зишткирдории рўзгор ва мардум будааст”.[3]

4-Шайх Муҳаммад Абдуҳ аз ҷумла касоне аст, ки ёрии ҳукумати адл ва диниро дар баробари ҳукумати зулму ҷавр, бар мусулмонон воҷиб мешуморад ва қиёми имом Ҳусайн алайҳис-саломро аз боби хуруҷ бар имоми золим ва туғёнгар медонад.[4]

5-Абдуллоҳи Алоилӣ менависад: “Имом Ҳусайн на бар имом балки бар шахси таҷовузгаре, ки худро бар мардум таҳмил карда буд ё ба таъбири дигар падараш ўро бар мардум таҳмил карда буд хуруҷ кард... Шояд агар ин ҳаракат аз тарафи шахси дигар ва дар барбари ҳокиме ғайр аз Язид анҷом мегирифт, дастгоҳи нопоки таблиғотии ҳокимон ба роҳатӣ метавонист ҳадафҳои онро таҳриф кунад ва муваффақ шавад. Вале Ҳусайн алайҳис-салом бо пешинаи маъруфаш назди мусулмонон ва васиятҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар борааш ва ахбори фаровон дар бораи қиёмаш, дар як тарафи моҷаро аст ва Язиди хабис ва хонадони Бани Умайя дар тарафи дигар. Ин амр наҳзати Имом Ҳусайнро монанди рўз дурахшон кардааст ба гунае, ки агар мавозеъи мухолифони хуруҷи Имом Ҳусайн низ дар китобҳои аҳли суннат зикр мешавад ба ин хотар аст, ки онро нафй ва маҳкум намоянд.[5]

6-Аббос Маҳмуд Аққод, таҳлил ва санҷиши қиёми Имом Ҳусайн алайҳис-саломро бо миқёсҳои кўчак ва танги башарӣ, ғайри мунсифона дониста ва мегўяд: “Хуруҷи Ҳусайн аз Макка ба Ироқ ҳаракате нест, ки битавон бо миқёсҳои рўзмарра бар он ҳукм намуд чаро, ки аз нодиртарин ҳаракатҳои таърихӣ дар мавриди даъвати динӣ ё сиёсӣ ба ҳисоб меояд... Танҳо касоне ба чунин ҳаракате даст мезананд, ки барои он халқ шудаанд. Ин гуна худро ба хатар андохтан ҳатто ба зеҳни дигарон хутур ҳам намекунад... Балки ҳаракати махсус ба шахс аст, ки афроди мунҳасир ба фардро металабад...”.[6]

Ў ҳам чунин мусташриқонро ба боди интиқод гирифта ва дар бораи натавонистани дарки шароите, ки Имом дар он қарор дошт дар эътироз бар онҳо мегўяд: “Чӣ қадар хуб буд агар ин гурўҳ масъалаи ақидаро дар вуҷуди (Имом) Ҳусайн ёдовар мешуданд, ки як амри муваққатӣ ва созишбардор набуд. Ў инсоне буд, ки маҳкамтарин имон ба аҳкоми Исломро доро буд ва ба шиддат мўътақиб буд, ки таътил кардани ҳудуди илоҳӣ бузургтарин балое аст, ки домангири ў ва хонаводааш ва ба таври куллӣ уммати араб дар ҳоли ҳозир ва оянда хоҳад шуд...”.[7]   

Язид, сабаби аслии қатли Имом қусайн алайҳис-салом

Яке аз халифаҳои Бани Умайя, ки дар замони кўтоҳи ҳукумати худ ҷиноятҳои зиёде анҷом дод, Язид ибни Муовия буд. Ў дар се соли ҳукумате, ки дошт дар соли аввали он дастури қатли Имом Ҳусайн алайҳис-салом фарзанди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва ёронашро содир намуд. Ин амал он қадар зишт буд, ки қиёмҳоеро ба дунбол дошт ва низ то имрўз эътирозҳоеро аз ҷониби бисёре аз уламои аҳли суннат дар пай доштааст. Ва мутаассифона шуморе аз мутаассибин ва носибиҳо ва пайравони Бани Умайя дар паи дифоъ аз Язид баромада ва китобҳо дар мадҳу фазилати дурўғини ў навиштаанд. Инак ин мавзўъро мавриди баррасӣ қарор медиҳем то равшан шавад, ки шавоҳид ва далелҳои таърихӣ, ҳар кадом гувоҳ бар ин аст, ки сабаби аслии кушта шудан ва шаҳодати Имом Ҳусайн алайҳис-салом Язид будааст.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 next