Ояти вузў аз дидгоҳи уламо



 

 Хеле аз бузургон ва уламои луғат аз аҳли суннат инсоф ба харҷ дода, эътироф кардаанд, ки Қуръон дар ҳар сурате масҳи бар поҳоро воҷиб кардааст. Инак, ба баъзе аз ин назарот ошно мешавем:

Имом Шофеӣ гуфтааст: “Қуръон масҳи бар поҳоро воҷиб карда ва суннат шустани онро”.[1]

Саълаб низ мегўяд: “Қуръон масҳи бар поҳоро воҷиб карда ва суннат шустани онро”.[2]

Заҳабӣ дар бораи Саълаб мегўяд: “Аллома, муҳаддис, имоми фанни наҳв, Аҳмад ибни Яҳё”.[3] Ў устоди наҳв ва қироот буда ва соли 291 ҳ. вафот кардааст, вале монанди дигарон баҳона наоварда, ки ояти вузў насб хонда шуда ва бинобар он шустани поҳо лозим аст, вале хеле равшан эътироф карда, ки Қуръон масҳи бар поҳоро воҷиб кардааст, на шустани онҳоро.

Табарӣ баъд аз нақли ақволу назароти дигарон, худ мегўяд:

والصواب من القول عندنا في ذلك أن الله أمر بعموم مسح الرجلين بالماء في الوضوء كما أمر بعموم مسح الوجه بالتراب في التيمم.

Ва қавли саҳеҳ назди мо дар ин мавзўъ ин аст, ки Худованд ба масҳи поҳо бо об амр фармуда чунон, ки бар масҳи сурат бо хок дар таяммум амр фармудааст.[4]

Ибни Ҷавзӣ мегўяд:

كان ابن جرير يرى جواز المسح على القدمين ولا يوجب غسلهما فلهذا نسب إلى الرفض وكان قد رفع في حقه أبو بكر بن أبي داود قصة إلى الحاجب يذكر عنه أشياء فأنكرها. وذكر ثابت بن سنان في تاريخه: انه إنما أخفيت حاله لأن العامة اجتمعوا ومنعوا من دفنه بالنهار وادعوا عليه الرفض ثم ادعوا عليه الألحاد.

Табарӣ мўътақид бар ҷоиз будани масҳ бар поҳо буд ва шустани поҳоро лозим намедонист ва ба ҳамин хотир ба рофизӣ (шиа) будан муттаҳам шуд... Боз мегўяд: Собит ибни Синон дар таърихаш мегўяд: Ҳоли Табарӣ махфӣ монд, чун мардум ҷамъ шуда нагузоштанд рўзона дафн шавад ва ўро муттаҳам ба шиа карданд, сипас ўро мулҳид ва мункири Худо хонданд.[5]



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 next