Фазоил ва зиндагонии Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн алайҳимо салом



 

 

 

Имом Ҳасан ва ва Имом Ҳусайн маҳбубтарин аҳли Паёмбар

عن أنس بن مالك انه سئل رسول الله  صلى الله عليه وسلم أي أهل بيتك أحب إليك  قال الحسن والحسين وكان يقول لفاطمة أدعي أبني فيشمهما ويضمهما إليه.

Анас аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пурсид, ки кадом як аз аҳли байтатонро бештар дўст доред? Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Ҳасан ва Ҳусайнро. Пайваста ба Фотима мефармуданд: “Фарзандонамро ба назди ман бихон. Ва Ҳасану Ҳусайнро ба оғуш гирифта  мебўиданд ва ба худ мечаспонданд”.

Китобҳо: Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.саҳ.657.р.3772. ”Сунан”-и Абўяъло ҷ.7.саҳ.274.р.4294. ”Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.3.саҳ.252.

Ҳасан ва Ҳусайн сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: الحسن و الحسين سيِّدا شباب أهل الجنَّة.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳасан ва Ҳусайн сайид ва сарвари ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд".



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 next