Ҳукми масҳи бар по дар Ислом





Яке дигар аз масоили хеле муҳим, ки дар он ихтилоф афтода аст, масъалаи ҳукми поҳо дар таҳорат аст. Инак, дар мавриди ин масъала низ ба баёни ояту ривоятҳо ва сираи саҳоба ва тобеин ва уламо, баррасие мекунем то бо ошноӣ аз он, ҳар озода ва соҳибназаре битавонаддар ин мавзўъ роҳи равшанро барои худ интихоб кунад.

Қуръони Карим мефармояд

يا أيها الذين آمنوا إذا قمتم إلى الصلاة فاغسلوا وجوهكم وأيديكم إلى المرافق وامسحوا برءوسكم وأرجلكم إلى الكعبين.

“Эй касоне, ки имон овардаед! Вақте мехоҳед намоз бихонед, сурат ва дастҳои худро то оринҷ бишўед ва ба сару пои худ то каъбайн (баромадагии по) масҳ бикашед”.[1]

Зоҳири ояти шарифа ҳамон гуна, ки мулоҳиза мекунед, мегўяд: бар сар ва поҳои худ масҳ бикашед.

Инак, бо аҳодис ва назароти муфассирон низ дар ин маврид ошно хоҳем шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ояти таҳорат аз оятҳои муҳками Қуръон аст ва  насх нашудааст:

Ҷубайр ибни Нафир мегўяд:

عن جبير بن نفير قال: دخلت على عائشة فقالت: هل تقرأ سورة المائدة قلت نعم قالت فانها آخر سورة نزلت فما وجدتم فيها من حلال فاستحلوه فما وجدتم فيها من حرام فحرموه.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 next