Аҳодиси Абӯсаиди Худрӣ



 

1-  حدثنا محمد بن عثمان قال حدثنا يحيى بن الحسن بن فرات القزاز قال حدثنا محمد بن أبي حفص العطار عن هارون بن سعد عن عبد الرحمن بن أبي سعيد الخدري عن أبيه قال قال رسول الله صلى الله عليه ( و آله  ) و سلم إني تارك فيكم الثقلين أحدهما كتاب الله تبارك وتعالى سبب طرفه بيد الله وطرفه بأيديكم و عترتي أهل بيتي و إنهما لن يفترقا حتى يردا علي الحوض.

Абӯсаиди Худрӣ мегӯяд : Паёмбари Акрам ( Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ) фармуданд : Ман дар байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам, ки яке аз он ду, китоби Худо аст, ки як тарафаш дар дасти Худо ва тарафи дигараш дар дасти шумост. Ва ( дуюмӣ ) Аҳли Байтам ҳастанд ва ҳаргиз он ду аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд. [1]

Уқайлӣ ин ҳадисро ба хотири Ҳорун ибни Саъд заиф хондааст дар ҳоле, ки Ибни Ҳаҷар мегӯяд : Яҳё ибни Маин ва Абӯҳотам ӯро мавриди эътимод хондаанд ва Аҳмади Ҳанбал ӯро шахси солеҳ хонда ва Ибни Ҳаббон ӯро сиқа гуфта[2] ва Заҳабӣ ӯро садуқ гуфтааст. [3] Пас бо ин баён равшан мешавад, ки санади ин ҳадис солеҳ ва хуб хоҳад буд.

Аҳодиси Атия аз Абӯсаиди Худрӣ

1-  حدثنا عبد الله قال حدثني أبي نا الأسود بن عامر نا أبو إسرائيل عن عطية عن أبي سعيد قال قال رسول الله صلى الله عليه (  و آله  ) و سلم ثم إني تارك فيكم الثقلين أحدهما أكبر من الآخر كتاب الله حبل ممدود من السماء إلى الأرض و عترتي أهل بيتي و إنهما لن يفترقا تى يردا علي الحوض.

Абӯсаид мегӯяд : Паёмбари Акрам ( Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ) фармуданд : Ман байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам, ки яке бузургтар аз дигарӣ аст. Ва он китоби Худо аст, ки ресмонест кашида шуда аз осмон ба замин ва ( дуюмӣ ) Аҳли Байтам ҳастанд ва ин ду аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд. [4]

Санади ин ҳадис саҳеҳ аст ва ровиёни он ҳама сиқа ҳастанд. Албонӣ низ онро ҳасан дониста аст, вале бояд дар бораи Атия, ки ровии ин ҳадис аз Абӯсаиди Худрӣ аст ва баъзеҳо ӯро заиф хондаанд назари муҳаддисонро зикр кунем, то ҳақиқати сиҳҳати аҳодиси ӯ равшан гардад.

Атияро Иҷлӣ сиқа дониста[5] ва Ҳайсамӣ мегӯяд : Яҳё ибни Маин ӯро сиқа дониста. [6] Аз Яҳё дар бораи ҳадиси Атия савол шуд, ӯ гуфт : Ҳадиси ӯ солеҳ аст. [7] Ибни Шоҳин аз Яҳё нақл карда, ки ӯро сиқа гуфтааст. [8] Тирмизӣ дар чандин маврид аҳодиси ӯро ҳасан ва хуб гуфта. Ибни Ҳаҷар ўро садуқ донистааст. [9]

Ибни Саъд мегӯяд : Ҳаҷҷоҷ ба Муҳаммад ибни Қосим навишт : Ба Атия бигӯ то Алиро дашном диҳад ва агар дашном надод, ӯро 400 тозиёна бизан ва ришашро тарош. Атия қабул накард ва Ибни Қосим ҳукми Ҳаҷҷоҷро бар ӯ ҷорӣ намуд. Сипас Атия ба Хуросон рафт ва онҷо монд то ин ки Умар ибни Ҳубайра ҳокими Ироқ шуд ва Атияро ба Ироқ баргардонд ва ў дар Ироқ аз дунё рафт.

Баъд Ибни Саъд мегӯяд : Иншоаллоҳ ӯ сиқа аст ва аҳодиси солеҳ ривоят карда ва баъзе аз мардум ҳадиси ӯро қабул надоранд. [10]

Бухорӣ дар китоби "Адабул муфрад"ва Тирмизӣ, Абӯдовуд ва Ибни Моҷа дар Сиҳоҳи худ аз Атия ҳадис ривоят кардаанд. Илова бар ин, аҳли суннат дар масоили фиқҳӣ ба аҳодиси ў истидлол карда ва тибқи он фатво додаанд.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 next