Аҳодиси Зайд ибни Арқам



Ҳадиси шарифи васият ба китоби Худо ва Аҳли Байт (Алайҳимус салом)-ро ҳашт нафар, яъне Омир ибни Восила, Муслим ибни Субайҳ, Язид ибни Ҳайён, Аниса, писари духтари Зайд, Алӣ ибни Рабиа, Ҳабиб ибни Абисобит ва Яҳё ибни Ҷӯъда аз Зайд ибни Арқам ривоят кардаанд.

Лозим ба ёдоврист, ки Абӯтуфайл, ки ин ҳадисро аз Зайд ибни Арқам ривоят карда, худ саҳоба аст ва қабл аз ба пирӣ расидани Зайд ибни Арқам ӯро дида ва ин ҳадиси шарифро аз ӯ ривоят кардааст. Бинобар ин, алфози ривоёти ӯ дақиқтар аз дигарон дар китобҳои ҳадисӣ сабт шудааст, ки акнун ба тартиб бо онҳо ошно мешавем.

Аҳодиси Абӯтуфайл аз Зайд ибни Арқам

1- عن محمد بن المثنى عن يحيى بن حماد عن أبي معاوية عن الاعمش عن حبيب بن أبي ثابت عن أبي الطفيل عن زيد بن أرقم. قال: لما رجع رسول الله من حجة الوداع ونزل غدير خم أمر بدوحات فقممن ثم قال: "كأني قد دعيت فأجبت إني قد تركت فيكم الثقلين كتاب الله و عترتي أهل بيتي، فانظروا كيف تخلفوني فيهما، فإنهما لن يفترقا حتى يردا علي الحوض، ثم قال: الله مولاي وأنا ولي كل مؤمن ثم أخذ بيد علي فقال: من كنت مولاه فهذا وليه، اللهم وال من والاه و عاد من عاداه"فقلت لزيد سمعته من رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم فقال ما كان في الدوحات أحد إلا رآه بعينيه و سمعه بأذنيه. قال ابن كثير: تفرد به النسائي من هذا الوجه قال شيخنا أبو عبد الله الذهبي وهذا حديث صحيح.

Ибни Касир чунин нақл кардааст: Зайд ибни Арқам мегӯяд: Вақте Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз Ҳаҷҷатул видоъ баргаштанд ва вориди Ғадири Хум шуданд, дастур доданд то маконе барои хутба ва суханронӣ омода шуд. Сипас (барои суханронӣ) бахоста фармуданд: Гӯё ман (ба охират) даъват шудам ва қабул кардам. Ман байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам, ки яке бузургтар аз дигарӣ аст. (Ва он ду иборат мебошанд аз:) Китоби Худо ва Аҳли Байтам. Пас диққат дошта бошед, ки баъд аз ман бо ин ду чӣ хоҳед кард ва он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд.

Сипас фармуданд: Худо мавлои ман аст ва ман мавлои ҳар мӯъмин ҳастам. Сипас аз дасти Алӣ гирифта фармуданд: Ҳар ки ман мавлои ӯ бошам, ин (Алӣ) низ мавлои ӯст. Худоё! Дӯст бидор ҳар касеро, ки Алиро дӯст дорад ва душман бидор ҳар касеро, ки Алиро душман дорад!

Абӯтуфайл мегӯяд: Ба Зайд гуфтам: Ин ҳадисро ту аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) шунидӣ? Гуфт: Ҳар ки дар он ҷо ҳузур дошт, бо ду чашмаш он ҳазратро дид ва бо гӯшҳояш ин ҳадисро шунид.[1]

Ибни Касир мегӯяд: Ин ҳадисро танҳо Насоӣ ривоят карда ва устоди мо Заҳабӣ онро саҳеҳ донистааст.

Ин ҳадисро Ибни Абиосим бо санади дигар ривоят карда ва санади он низ саҳеҳ аст.

2- أخبرنا محمد بن المثنى قال ثنا يحيى بن حماد قال ثنا أبو عوانة عن سليمان قال ثنا حبيب بن أبي ثابت عن أبي الطفيل عن زيد بن أرقم قال لما رجع رسول الله صلى الله عليه (وآله)و سلم عن حجة الوداع ونزل غدير خم أمر بدوحات فقممن ثم قال كأني قد دعيت فأجبت إني قد تركت فيكم الثقلين أحدهما أكبر من الآخر كتاب الله و عترتي أهل بيتي فانظروا كيف تخلفوني فيهما فإنهما لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض ثم قال إن الله مولاي وأنا ولي كل مؤمن ثم أخذ بيد علي فقال من كنت وليه فهذا وليه اللهم وال من والاه و عاد من عاداه فقلت لزيد سمعته من رسول الله صلى الله عليه (وآله)و سلم قال ما كان في الدوحات رجل إلا رآه بعينه وسمع بأذنه.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 next