Ҳукми ?Бисмиллоҳ? дар Ислом



Яке аз масоиле, ки уммати исломӣ дар бораи он ихтилоф кардаанд ва фатвоҳои гуногун дар бораи он содир шудааст, масъалаи “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим” мебошад. Ихтилоф дар ин аст, ки оё “Бисмиллоҳ” ҷузъи сураҳои Қуръон аст ё на? Оё хондани он дар намоз лозим аст ё нест ва ҳукми он чист?

Инак, ба баррасии ин масъала мепардозем:

Фатвоҳои мазҳабҳои исломӣ дар ҳукми “Бисмиллоҳ” ба тартиби зерин аст:

Ҳанафиҳо: Тарки “Бисмиллоҳ” ҷоиз аст, чун ҷузъи сураҳо нест ва оҳиста тиловат кардани он пеш аз Фотиҳа (Алҳамд) мустаҳаб аст ва пеш аз сураи дуюм беҳтар ин аст, ки онро нахонад. Бисмиллоҳ на дар Фотиҳа ва на дар сураҳои дигар оят намебошад.

Моликиҳо: “Бисмиллоҳ” ҷузъи сураҳо нест ва тарки он дар намоз мустаҳаб ва анҷоми он макруҳ аст.

Шофеиҳо: “Бисмиллоҳ” ҷузъи сураҳост ва дар намозҳои ҷаҳрӣ[1] бо садои баланд хондани он воҷиб аст ва дар намозҳои хуфйӣ[2] оҳиста хонда мешавад.

Ҳанбалиҳо: “Бисмиллоҳ” ҷузъи сураи Фотиҳа нест (ва ҳамчунин ҷузъи сураҳои дигар ҳам намебошад) ва дар тамоми ракъатҳо оҳиста хонда мешавад.

Ҷаъфариҳо:[3] “Бисмиллоҳ” ҷузъи сураҳост ва дар намозҳои ҷаҳрӣ  баланд хондани он лозим ва дар намозҳои хуфйӣ баланд хондани он мустаҳаб мебошад ва бояд дар намоз қироат гардад.[4]

Ин дар суратест, ки аксари саҳоба ва хеле аз тобеин, “Бисмиллоҳ”-ро ҷузъи сура ва хондани онро дар намозҳо бо садои баланд, лозим донистаанд. Ҳамакнун бо ривоятҳои исломӣ ва назару равиши саҳоба ва тобеин ва бузургони дин дар бораи ин мавзўъ ошно хоҳем шуд

Оёт ва ривоёти ҷаҳрӣ “Бисмиллоҳ"



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 next