Аҳодиси Имом Алӣ (Алайҳис салом)



 

Ҳадиси шарифи Сақалайнро ҳафт нафар, яъне Имом Ҳасан (Алайҳис салом) ва Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) ва Омир ибни Восила аз саҳоба ва Ҳориси Ҳамдонӣ ва Абон ибни Тағлиб ва Сулайм ибни Қайс ва Умар ибни Алӣ аз Имом Алӣ (Алайҳис салом) ривоят кардаанд, ки дар зер бо онҳо ошно хоҳем шуд:

1- حدثنا سليمان بن عبيد الله الغيلاني، حدثنا أبو عامر، حدثنا كثير بن زيد، عن محمد بن عمر بن علي، عن أبيه، عن علي أن رسول الله صلى الله عليه ( و آله ) و سلم قال: إني تركت فيكم ما إن أخذتم به لن تضلوا: كتاب الله، سببه بيد الله، و سببه بأيديكم، و أهل بيتي.

Имом Алӣ (Алайҳис салом) фармуданд: Ҳамоно Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Ҳатман ман чизе байни шумо мегузорам, ки агар аз он пайравӣ кунед ҳаргиз гумроҳ намешавед (ва он чиз) китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд. [1]

Санади ин ҳадис комилан саҳеҳ аст.

2- عن علي أن النبي صلى الله عليه ( و آله ) و سلم حضر الشجرة بخم ثم خرج آخذا بيد علي فقال: أيها الناس! ألستم تشهدون أن الله ربكم؟ قالوا: بلى، قال: ألستم تشهدون أن الله و رسوله أولى بكم من أنفسكم وأن الله و رسوله مولاكم؟ قالوا: بلى، قال: فمن كان الله و رسوله مولاه فان هذا مولاه، و قد تركت فيكم ما إن أخذتم به لن تضلوا بعده: كتاب الله سببه بيده وسببه بأيديكم، و أهل بيتي قال المتقي الهندي: رواه (ابن راهويه و ابن جرير و ابن أبي عاصم و المحاملي في أماليه و صحح).

Онгоҳ ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба Ғадири Хум расиданд, (барои суханронӣ) дасти Алиро гирифта баромаданд ва фармуданд: Эй мардум! Оё шаҳодат намедиҳед, ки Аллоҳ Парвардигоратон аст! Гуфтанд: Оре (шаҳодат медиҳем). Фармуданд: Оё шаҳодат намедиҳед, ки Худо ва Расулаш аз шумо бар худатон сазовортаранд ва ин ки Худо ва Расулаш мавлои шумо ҳастанд? Мардум гуфтанд: Оре, ҳамин гуна аст. Ҳазрат фармуданд: Пас, ҳар ки Худо ва Расулаш мавлои ӯ бошад, ҳатман ин (Алӣ) низ мавлои ӯст. Ҳамоно байни шумо чизе мегузорам, ки агар аз он пайравӣ кунед, ҳаргиз гумроҳ намешавед. (Ва он ду чиз иборат ҳастанд аз:) Китоби Худо ва Аҳли Байтам. [2]

Муттақии Ҳиндӣ мегӯяд: Ин ҳадисро Ибни Роҳавайҳ, Ибни Ҷарири Табарӣ, Ибни Абўосим ва Маҳомилӣ дар "Амолӣ" ривоят кардаанд ва Маҳомилӣ санади онро саҳеҳ донистааст. Ва Бусайрӣ низ ин ҳадисро аз Ибни Роҳавайҳ нақл карда ва санадашро саҳеҳ донистааст.

3- حدثنا إبراهيم بن مرزوق حدثنا أبو عامر العقدي حدثني كثير بن زيد عن محمد بن عمر بن علي عن علي أن النبي حضر الشجرة بخم قال فخرج آخذا بيد علي فقال يا أيها الناس ألستم تشهدون أن الله و رسوله أولى بكم من أنفسكم وأن الله و رسوله مولاكم قالوا بلى قال فمن كنت مولاه فإن عليا مولاه أو قال فإن هذا مولاه إني قد تركت فيكم ما إن أخذتم به لم تضلوا كتاب الله و أهل بيتي.

Ин ҳадис низ монанди ҳадиси пешин аст ва танҳо баъзе ибороти он кам шудааст ва ҳазрат дар ин низ фармудаанд: Ҳамоно байни шумо чизе гузоштам, ки агар аз он пайравӣ кунед, ҳаргиз гумроҳ намешавед. (Ва он ду чиз иборат мебошанд аз:) Китоби Худо ва Аҳли Байтам. [3]

Ибни Ҳаҷар, Суютӣ, Самҳудӣ ва дигарон ин ҳадисро аз Муснади Роҳавайҳ нақл кардаанд, вале мутаассифона ин ҳадисро мо дар ин китоб пайдо накардем ва шояд баъзеҳо онро аз ин китоб ҳазф карда бошанд ва Ибни Ҳаҷар, Суютӣ ва Албонӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд.



1 2 3 4 5 next