Шеваҳои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар



Аҳамияти шеваҳо

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳар кас, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунад, бояд шевааш низ маъруф бошад». (1)

Ҳар гуноҳе, ки аз шахсе сар мезанад, мумкин аст ба далеле бошад. Ҳамон гуна ки як дарди сар аз чанд реша сарчашма мегирад. Барои мисол, зане ҳиҷоби худро риоят намекунад. Имкон дорад, ки амали ў далоиле дошта бошад, аз ҷумла:

1-Масъалаи ҳиҷобро намедонад ва фикр мекунад, ки айбе надорад.

2-Фалсафаи ҳиҷоб ва осори шуми бебандубориро намедонад.

3-Камбудӣ дорад, ки мехоҳад худро матраҳ кунад.

4-Аз рўи ҳавою ҳавас ва майл амал мекунад.

5-Мехоҳад аз дигар бадҳиҷобҳо ақаб намонад.

6-Модар, хоҳар ва дўстонаш бадҳиҷобанд.

7-Мехоҳад бо низоме, ки тарафдори ҳиҷоб аст мухолифат кунад.

8-Таблиғоти бад бар ў асар гузоштааст.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 next