Муқаддимаи китоб



Бо ёрии Худованди Мутаол мехоҳем хонандагони азизро ба воситаи ин китоб бо ҳақоиқе , ки шояд хелеҳо аз он бехабар бошанд ошно гардонем ва ин навишторро , ки дарбардорандаи шиносномаест , ки Худованди Мутаол ва Расули гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Алӣ ва пайравонашро дар Қуръон ва ривоятҳо он чунон шиносонидаанд , дар ихтиёрашон қарор диҳем , то бо миқдоре огоҳӣ ва илму маърифат , қадам ба ҳар роҳе , ки мехоҳанд бигзоранд .

Аввалан , ёдовар мешавем , ки ахбор , аҳодис ва назароте , ки дар ин навиштор хоҳем овард , ҳама аз уламо ва муҳаддисони аҳли суннат ва китобҳои онҳо бар гирифта шудаанд , албатта ба ғайр аз чанд ҳадисе , ки дар фасли “Сифоти пайравони Аҳли Байт дар ривоёт” оварда мешавад . Ин матлабро ба ин хотир ёдовар шудем , ки ҳаргоҳ чунин ҳадисҳое барои баъзеҳо (ба монанди ваҳҳобиҳо) матраҳ мешавад , дар мақоми ҷавоб , мутаассифона барои мардумро дар гумроҳӣ ва бехабарӣ нигаҳ доштан , олимонеро , ки чунин ҳадисҳоро нақл кардаанд , ҳатто агар аз аҳли суннат бошанд ҳам , аз суннӣ будан хориҷ мекунанд . Зеро медонанд , ки мардум на олимеро мешиносанд ва на китобашро . Имрӯза ваҳҳобиҳо чун мебинанд , ки дар суханони баъзе аз уламои барҷастаи аҳли суннат , дурӯғгӯ будани ваҳҳобиҳо ба равшанӣ баён шудааст , зуд эшонро-ҳатто агар аз барҷастатарин шахсиятҳои аҳли суннат бошанд ҳам-шахсе ғайри муҳим ва ҳатто ғайри суннӣ қаламдод мекунанд , то аз ин роҳ битавонанд мардумро фиреб дода ва дар ақидаи ваҳҳобигарии худ дохил кунанд .

Хонандаи азиз! Тавваҷҷӯҳ дошта бошем , ки Худованд дар Қуръон мефармояд :

" . . . ЭИФС ЪИЗП ЗбРнд нУКгЪжд ЗбЮжб ЭнКИЪжд ГНУде ГжбЖЯ ЗбРнд еПЗег Зббе ж ГжбЖЯ ег ГжбжЗ ЗбГбИЗИ" .

"Башорат бидеҳ он гурӯҳ аз бандагонамро , ки бо диққат ба суханон гӯш медиҳанд ва баъд (аз баррасӣ) , аз беҳтарини онҳо пайравӣ мекунанд . Онҳо касоне ҳастанд , ки Худо ҳидояташон карда ва ҳатман онҳо соҳибони хирад ҳастанд" . Сураи Зумар-17-18 .

Ин ояти шарифа ба мусулмонон ва ҳақҷӯён чигунагии мӯътақид шуданро меомӯзад . Бино бар ин ояти шарифа , инсон дар робита бо ҳар мавзӯе , бояд худ ба тамоми дидгоҳҳо ва суханони перомуни он мавзӯъ матраҳшуда гӯш фаро дода ва онҳоро бихонад . Онгоҳ худ байни онҳо бо ақлу таҳқиқоташ баррасӣ кунад ва баъд аз он , беҳтарини онҳоро баргузида ва ба он амал намояд .

Оё мо - ба унвони мусулмон - тибқи ин фармудаи илоҳӣ амал мекунем? Дар манобеъ ва китобҳои ҳадисӣ ба ривоятҳое бармехӯрем , ки агар ҷамии мусулмонон дар онҳо хуб тааммул мекарданду тибқи онҳо амал менамуданд , вазъи комилан дигаре доштанд . Дар ин замина , мехоҳем чанд ҳадисеро аз назари хонандаи азиз бигузаронем , то худ доварӣ намояд , ки оё мо мусулмонон воқеан дар бораи онҳо тааммул кардаем , ё на? Дар ҳадиси саҳеҳ ва мутавотир ворид шуда , ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд :

1 - ЗбОбЭЗБ ИЪПн ЕЛдЗ ЪФС ЯЪПП дЮИЗБ Идн ЕУСЗЖнб .

"Хулафо ва ҷонишинони ман баъд аз ман , ҳамонанди адади пешвоёни бани Исроил , дувоздаҳ нафаранд" .

Дар ҳадиси дигаре фармуданд :



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 next