Чанд суол аз маҳзари устодам



Танзими Худоназар Тўқипур

Муқаддима

Ин навишта, баъзе аз саволҳое аст, ки яке аз толибилмони мадрасаҳои илмии аҳли суннат ба номи Ъ М Мурозиҳӣ аз устодаш ҷаноби Мавлавӣ Т (бо итқе) Н дар паи нишастҳо ва баҳсҳои хусусӣ ва гоҳе дар сари дарс, пурсида ва баъзан беҷавоб монда ва ба василаи яке аз дўстони Ў танзим ва ҷамъоварӣ ва дар нусхаҳои кам шумор ба дасти устодҳои дигар ва ҳазароти мавлавиҳо (уламо) дода ва пахш карда шуда, то агар чизе ба назарашон расид, ҷавоб бидиҳанд.

Аз ин дўсти толибилм борҳо шунида шуда, ки мегуфта: умедворам маро ба тарафдорӣ аз мактаби Мавдўдӣ ва Барлавӣ ва ё дигар гароишҳои исломӣ ва ғайри исломӣ муттаҳам накунанд, чун ман ҳамеша пайрави Девбанд[1] буда ва ҳастам, вале интизор дошта ва дорам, ки устодам маро дарк кунад ва шубҳаҳои маро беҷавоб нагузорад.

Мо низ маслиҳат надидем, ки ному мушаххасоти ин толибилм бурда нашавад то мабодо Худо нахоста аз тарафи баъзе ҷоҳилон, мавриди азияту озор қарор гирад. Махсусан, ки мо бахши касе аз ин саволҳоро танзим кардаем ва дар фурсатҳои оянда бахшҳои дигаре аз ин саволҳоро дар ихтиёри хонандагон хоҳем гузошт.

Ин саволкунанда ва талаба дар мадрасаҳои илмии “Дорул улум”-и Зоҳидон ва “Махзанул улум”-и Хош ва “Шамсул улум” ва “Ҳаққония”-и Эроншаҳр таҳсил ва баъзан дарс дода аст ва барои таблиғ ба кишварҳои Покистону Ҳиндустон бисёр сафар дошта ва дорад. Бинобар ин, аз шахсиятҳое аст, ки дар Қораи Ҳинд аксаран ўро мешиносанд ва ба некӣ ва хубӣ аз Ў ёд мекунанд.

Ў тамоми барномаи чаҳорсолаи давраи ибтидоӣ ва эъдодия ва Қоидаи Мавлоно Иброҳими Доманӣ ва Исломиёти 1 ва 2 ва Қуръони Маҷид ва форсии панҷум ва иҷтимоӣ ва Таълими Ислом ва Чиҳил дуои маснун ва Китобул арабия лил ношиин 1 ва 2 ва 3 ва 4 ва Сарфи Баҳойӣ ва Шурутус салот ва Чиҳил ҳадис ва Сарфи Мир ва Фиқҳи Қадурӣ ва Зодут толибин ва мухтасари Риёзус солеҳин ва Мирқот ва Усули Шошӣ ва Фиқҳи акбар ва тамомии марҳалаҳои сатҳи аввал то чаҳорум, ки аз сураи Юсуф ва Ҳидоя ва Нурул анвор (дар усули фиқҳ) ва Ақидаи Таҳовия ва Фалсафаи Майбазӣ ва Тайсиру мусталаҳул ҳадис ва Осорус сунан ва Ал-Ҳусулул Ҳумайдия ва Тафсири Ҷалолайн ва Нухбатул фикар ва Шарҳи Маониул осор”-ро тай карда ва ба итмом расонида ва ҳамчунин тамомии марҳалаҳои килоси аввал ва дуввуми хориҷ, аз китобҳои Мишкот ва Тафсири Байзовӣ ва Улумул Қуръони Қаттон ва Суроҷӣ ва Ал-Ҳайбатул вусто то китоби Бухорӣ аввал ва дуввум ва сипас Насоӣ ва Тирмизӣ ва Саҳеҳи Муслим ва Муснади имоми аъзам ва Сунани Ибни Моҷа ва Муваттаи Моликро хонда ва ин марҳалаҳоро ба муваффақият пушти сар гузоштааст. Ҳам чунин дар мадрасаҳои илмии Покистон ба монанди “Дорул улум”-и минтақаи Девбанд ва мадрасаи “Мазоҳирул улум” –и Саодат Алӣ низ рафту омад дошта ва ба касби илм пардохта ва ҳамагӣ Ўро мешиносанд.

Умедворем битавонем дар ҷузваҳои баъдӣ бахши дигаре аз саволҳои фаровонро дар ихтиёри ҳазарот бигзорем ва ҷавоби қонеъкунанда бишнавем ва зеҳнро аз шубаҳот наҷот диҳем.

Худоназари Туқипур

Эроншаҳр

 

Чанд Савол

Устоди бузургворам, донишманди тавоно, алломаи фозил ҷаноби  Мавлавӣ ...

Дар ҳақиқат шумо лаёқати шайхул исломиро дорӣ, чун воқеан аҳли суннат ва ҷамоатро ёрӣ кардӣ мактаби салафият (ваҳҳобият)-ро кўмак расондӣ ва ба хатти фикрӣ ва эътиқодии Ибни Таймия ва Ибни Абдулваҳҳоб, камоли ёриро доштӣ ва дорӣ. Ва дар дарсҳо ва ҷаласаҳои хусусӣ, аз шумо истифодаҳо бурдам ва безиёдаравӣ мегўям, ки пайравони салаф ва тарафдорони ваҳҳобият ба афроди монанди шумо сарафроз ва сарбаланд ҳастем.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 next