Фатвоҳои ваҳҳобиҳо



Ибни Фарҳон (дар саҳифаи 118 то 122) 35 фатвои уламои ваҳҳобиро аз ҳамин китоби “Дурарус сания” нақл карда, мегӯяд: “Ба хотири ин ки баъзе аз ин фатвоҳо хеле тунд аст, ман номи гӯяндаи онро намеоварам”.

Инак, баъзе аз ин фатвоҳо:

● “Муаллимоне, ки Вазорати Маориф аз баъзе аз давлатҳои арабӣ ба кор мегиранд, мулҳид ва зиндиқ (мункири Худо ва кофир) ҳастанд”. (“Дурарус сания”, ҷ 16, саҳ 5-12).

● “Дар бораи донишманде, ки номаш Фавзӣ Шайбист, гуфтаанд: “ӯ бузургтарин даъваткунанда ба сӯи илҳод ва зиндиқӣ аст”. (“Дурарус сания”, ҷ 16, саҳ 12).

● “Он муаллимоне, ки аз давлатҳои арабӣ омадаанд, ҳатман барои ҷанг бо “Ло илоҳа иллаллоҳ”-е, ки Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб оварда буд, омадаанд, то онро аз ин сарзамин решакан кунанд”. (“Дурарус сания”, ҷ 16, саҳ 8). “Ҳамоно “Ло илоҳа иллаллоҳ” (манзураш худопарастист) дар он кишварҳо аз байн рафта буд”. (“Дурарус сания”, ҷ 16, саҳ 8).

Ибни Фарҳон дар поварақӣ мегӯяд: “Ин такфири равшани мусулмононе дар кишварҳоест, ки Вазорати Иршод аз он муаллимонро ба кор мегирифт, монанди Миср, Сурия, Урдун, Судон, Фаластин ва кишварҳои арабии Мағриб ва ғайри онҳо”. (саҳ. 119).

● Баъзе аз уламои ваҳҳобӣ тамоми улум ба ғайр аз улуми шаръиро дар фатвоҳояшон ҳаром донистаанд”. (“Дурарус сания”, ҷ 16, саҳ 15).

● “Таълимоти ин замон муқаддима аст барои мулҳид ва мункири Худо шудан”. (“Дурарус сания”, ҷ 15, саҳ 489, ҷ 16, саҳ 15).

● “Ҳар ки ба кишварҳои ҳамсоя барои омӯзиш, ё тиҷорат, ё кори дигар равад, воҷиб аст, ки аз он ҷо баргардад ва тавба кунад”. (15 с 462).

● “Насиҳат бар ҳар мусулмон ин аст, ки писар ва духтари худро ба ин мадрасаҳое (мактабҳое), ки зоҳираш раҳмат ва ботинаш бало ва фитна ва ниҳояташ фоҷирист, дохил накунанд”. (“Дурарус сания”, ҷ 16, саҳ 84).



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 next