ба китоби Ҳасан Нигоҳе ибни Фарҳон



Ҳасан ибни Фарҳон, яке аз донишмандони муосир аст, ки иддао мекунад қаблан як ваҳҳобии тӯндрав буда ва акнун як шахси мӯътадил ва миёнарав шуда ва аз тӯндравӣ даст кашидааст. Ў ҳанӯз дар қайди ҳаёт буда ва дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунад. Ибни Фарҳон китобеба номи “Доиятун ва лайса набиян” (маънои унвони китоб: “ӯ ислоҳталаб буд, на паёмбар”) навишта ва дар он Ибни Абдулваҳҳоб ва пайравонашро ба хотири кофир хондан ва ҳалол донистани рехтани хуни мусулмононе, ки мухолифи онҳо ҳастанд, маҳкум карда ва хато будани чунин равишашонро собит мекунад.

Мазҳаби Ибни Фарҳон

Ў дар ин китоб (“Доиятун ва лайса набиян”) ҳарчанд худро суннӣ (на ваҳҳобӣ) муаррифӣ карда, вале аз матолиб ва суханонаш дар ин китоб равшан мешавад, ки ӯ ҳануз ҳам гароиши ваҳҳобӣ дорад.

Инак, баъзе аз матолибе, ки бар ваҳҳобӣ буданаш далолат мекунад:

1. Ў худро суннӣ гуфта, вале беон ки худро ба ҳеҷ мазҳабеаз мазоҳиби чаҳоргона нисбат диҳад;

2. Дар масъалаи тавассул ва табаррук, худро ҳамақидаи Ибни Абдулваҳҳоб хонда. Ва ин дар ҳолест, ки ҳеҷ сунние мухолифат ба табаррук ва тавассул накарда, ба ҷуз ин ки Ибни Таймия ва Албонӣ макрӯҳ донистани онро ба Абӯҳанифа нисбат додаанд, вале уламои ҳанафӣ онро рад кардаанд;

3. Ў дар навиштаҳояш баъзе аз ваҳҳобиёнро ба вожаи “ғулоти мо” таъбир карда, ки ин худ ваҳҳобӣ будани ӯро собит мекунад, бо ин тафовут, ки ӯ ваҳҳобии мӯътадил ва дигарон ваҳҳобии ифротӣ ва ғолӣ мебошанд;

4. Ду мартаба ишора карда, ки Ибни Абдулваҳҳоб, бар гардани ҳамаи мо (мардуми Арабистон) ҳақ дорад;

5. Мегӯяд: “Ибни Абдулваҳҳоб тавҳиди холисро ба бор овард”. Аммо дар китоби дигараш ба номи “Қироатун фи кутубил ақоид” (ки чаҳор сол пеш аз ин китоб чоп шуда) дар саҳифаи 17 мегӯяд: “Лозим аст ман таъкид кунам, ки ман мусулмони суннии салафии ҳанбалӣ ҳастам ва ин, таноқузе надорад, ки ақоиди салафиҳо ва ҳанбалиҳоро нақд намоям”.

Ҷолиб ин ҷост, ки Ибни Фарҳон ба равшанӣ дар китоби “Қироатун фи кутубил ақоид” ҳангоми нақли мақолаи Мансур ибни Иброҳим (ки ӯ низ аз касонест, ки аз тундравӣ ба миёнаравӣ баргаштаанд) мегӯяд: “ӯ (яъне Мансур ибни Иброҳим) аз ғолиёни ҳанбалиҳо дар гузашта буд, ки сипас Худованд ӯро ба миёнаравӣ ҳидоят кард. Ҳамаи мо ғолӣ будем ва Худоро ба хотири ҳидояташ (аз ғолигӣ ба миёнаравӣ) ҳамду ситоиш мекунем”. (“Қироатун фи кутубил ақоид”, поварақии саҳ. 234).

Аз хонандаи азиз хоҳиш мешавад бо диққат матолиберо, ки Ибни Фарҳон дар ин китоб оварда, мутолеа кунанд.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 next