Фазоили ҳазрати Фотимаи Заҳро алайҳо салом



Фотимаи Заҳро сарвари занони аҳли биҳишт

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: إنَّ هذا مَلَك لم ينزل الأرض قطّ قبل هذه الليلة إستأذن ربَّه أن يسلِّمَ عليَّ و يبشِّرني بأنَّ فاطمة سيّدة نساءِ أهل الجنَّة و أنَّ الحسن و الحسين سيِّدا شباب أهل الجنَّة.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ба дурустӣ, ки ин фаришта ҳаргиз қабл аз ин шаб, ба замин нозил нашуда буд. Аз Худованд иҷоза хост, ки ба ман салом бирасонад ва маро башорат диҳад бар ин ки Фотима сарвари занони аҳли биҳишт аст ва Ҳасану Ҳусайн сарвари ҷавонони аҳли баҳишт ҳастанд".

 Китобҳо: Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5.с.660,р3781. "Муснад"-и Аҳмад ҷ.5.с.391.р.23377. "Фазоил-ус-саҳоба"-и Аҳмад ҷ.2.с.788.р.1406. "Таърихи кабир"-и Бухорӣ ҷ.1.с.232.р.728. "Мўъҷам-ул-кабир" ҷ.22.с.402.р.1005. "Сунан-ул-кубро"-и Насоӣ ҷ.5.с.80-95,р.8298-8365. “Фазоил-ус-саҳоба”-и Насоӣ ҷ.1.с.58-76.р.193-260. "Хасоис"-и Насоӣ р.130. ”Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба ҷ.6.саҳ.388.р.32271. "Ал-Оҳод вал-масонӣ” ҷ.5.саҳ.366.р.2966. ”Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.3.саҳ.151.р.4721-4722. "Усд-ул-ғоба" ҷ.5.с.574. ”Фатҳ-ул-борӣ" ҷ.6.саҳ.471,ҷ.7.саҳ.105. "Сияру аълом-ун-нубало" ҷ.2. с.223.ҷ.3.са252. Тирмизӣ, Ҳоким, Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар низ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: فاطمة سَيِدَة نساء أهل الجَنَة.

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Фотима сайид ва сарвари занони аҳли биҳишт аст".

 Ровиён: 1)Имом Алӣ. 2)Оиша.

 Китобҳо: 1)Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.3.саҳ.1326.р.3426. 2)"Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ. 3)"Муснад”-и Баззор ҷ.3.саҳ.101.р.885. 4)”Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.саҳ.201. 5)"Фатҳ-ул-борӣ"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.6.саҳ.321. 6)Таърихи Ибни Асокир ҷ.47.саҳ.482.

قال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: يا فاطمة ألا ترضين أن تكوني سيِّدة نساء العالمين و سيِّدة نساء المؤمنين و سيِّدة نساء هذه الأمَّة.

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: "Ё Фотима оё розӣ намешавӣ аз ин ки сарвари занони олам ва сарвари занони мўъминон ва сарвари занони ин уммат бошӣ".

Ровиён: Оиша. Бурайда. Имрон. Ҷобир ибни Самура. Абўҳурайра. Ибни Масъуд. Ибни Умар. Анас.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 next