Фаслипанҷум



Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва ваҳҳобият

Нигоҳе ба таърихчаи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб соли 1111 ҳиҷрӣ дар Уяйна (яке аз шаҳрҳои Арабистони Саудӣ) ба дунё омада ва соли 1206 ҳиҷрӣ аз дунё рафтааст. Ў ҳамон касест, ки ақоид ва дидгоҳҳои мурдарафтаи Ибни Таймияро аз нав зинда кардааст. Падар ва бародараш аз ҳамон рӯзҳои аввал бо ӯ ба мухолифат пардохта ва аз ақоидаш норозӣ буданд. Бародараш Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб аз тарси ин ки мабодо бародараш ӯро накушад, аз назди ӯ фирор кард. Сулаймон аввалин касест, ки дар радди ақоиди ботили бародараш Муҳаммад ду китоб: “Ас-савоиқул илоҳия фир рад алал ваҳҳобия” ва “Фаслул хитоб фир рад ало Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб”ро навишт.

Умар Каҳола мегӯяд: “Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб бародари Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ки поягузори мазҳаби ваҳҳобист, буда ва нависандаи ин ду китоб мебошад”.[1]

Заркалӣ (ки худ ваҳҳобист) китоби дигареро низ ном бурда. Ў мегӯяд: “Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб бародари раҳбари наҳзати ислоҳталаб, бо бародараш ба мухолифат бархоста ва китобҳое дар ин маврид навишт, ки аз ҷумлаи онҳост “Ар-рад ало ман каффарал муслимина би сабабин назри ли ғайриллоҳ” (Рад бар он касе ки мусулмононро ба хотири назр ба ғайри Худо кофир донистааст). (“Ал-аълом”-и Заркалӣ, ҷ 3, саҳ 130).

Дигароне низ гуфтаанд: “Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳамаи мусулмононро кофир мехонд, ба ин тӯҳмат, ки онҳо ба Паёмбар тавассул менамоянд ва бар қубури бузургони дин гунбаду боргоҳ месозанд ва ба зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мераванд ва. . . ”[2]

Дар ҳамин китобҳои ёдшуда омадааст, ки Ибни Абдулваҳҳоб бо кӯмаки Муҳаммад ибни Сауд, амири “Даръия” (ки поягузори мамлакати Саудист) ба зодгоҳи худ Уяйна ҳамла карда ва хеле аз мардуми он ҷоро кушта ва хонаҳояшонро ғорат карда ва лашкариёнаш (ба монанди лашкари мавлояш Язид ибни Муовия) ба занони он шаҳр таҷовуз карданд. Сипас ба шаҳрҳои дигар низ ҳамла карда ва мардуми ҳар шаҳреро, ки ақоидашро қабул намекарданд, кушта ва он шаҳрро ғорат мекарданд.

Ваҳҳобиҳо аз ин гуна ғоратҳо ва мусулмонкушиҳо зиёд кардаанд, ки фақат ба як намунаи он ишора мекунем.

Ҷамил Сидқии Зуҳовӣ дар бораи ҳамлаи ваҳҳобиҳо ба Тоиф менависад: “Аз зишттарин корҳои ваҳҳобиён дар соли 1217 ҳиҷрӣ, қатли омми мардуми Тоиф аст, ки бар хурду калон раҳм накарданд, кӯдаки ширхорро дар рӯи синаи модараш сар буриданд, ҷамъиятеро, ки машғули таълими Қуръон буданд куштанд ва ҳатто гурӯҳеро, ки дар масҷид машғули хондани намоз буданд низ куштанд, китобҳоеро, ки дар байни онҳо миқдоре аз нусхаҳои Қуръон ва “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ва Муслим ва дигар китобҳои ҳадис ва фиқҳ буд, дар кӯча ва бозор афканда, онҳоро поймол карданд”. [3]

Зуҳовӣ аз бузургонест, ки китобҳои зиёде таълиф карда ва Заркалӣ он китобҳоро ном бурдааст. [4]

Ин сира ва равише буд, ки ваҳҳобиҳо бо пайравӣ аз Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар ҳамаи сарзаминҳои исломӣ, ки бо ақидаи онҳо мухолифат мекард, амалӣ менамуданд. Имрӯз низ агар шумо хабарҳоро пайгирӣ кунед, мебинед, ки чигуна ваҳҳобиҳо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мусулмононро ҳатто дар моҳи Рамазон, дар масҷид ва дар ҳоли намоз мекушанд.

Ибни Обидин, ки аз бузургони уламои ҳанафист, дар ҳошияи “Раддул муҳтор” (4 с 449) таҳти унвони: “Матлабедар мавриди хавориҷи замони мо, пайравони Абдулваҳҳоб” менависад:



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 next