Дидгоҳи донишмандон дар бораи Ибни ТаймияАз ҳамон рӯзҳои нахустини зуҳури Ибни Таймия ва ибрози ақоиди аҷибу ғарибаш , уламо ва донишмандони зиёде ба мухолифати ӯ пардохта ва гумроҳӣ ва лағзишҳои вайро баён ва равшан намуданд . Инак , барои хонандаи азиз аввалан исмҳои донишмандони ҳамасри Ибни Таймияро ҳамроҳ бо дидгоҳҳояшон дар бораи Ибни Таймия оварда , сипас ишорае ҳам ба уламо ва донишмандони баъд аз ӯро ёдовар мешавем . Донишмандони муосири Ибни Таймия
1 . Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Атоуллоҳи Искандарии Моликӣ (вафотёфтаи соли 709 ҳ . ) Заҳабӣ дар бораи вай мегӯяд: “ӯ аз бузургонест , ки бар зидди Ибни Таймия қиём кардаанд” . [1] Шавконӣ мегӯяд: “ӯ аз ҷумлаи касонест , ки бар зидди Ибни Таймия қиём карда ва дар ин роҳ зиёдаравӣ карданд . Ў китобе низ бар радди Ибни Таймия навишт” . (“Ал - бадрут толеъ” - и Шавконӣ , ҷ 1 , саҳ 74) . 2 . Имом Қозӣ Абдулғанӣ ибни Яҳёи Ҳурронии Ҳанбалӣ (вафотёфтаи 709 ҳ . ) Ибни Ҳаҷар ӯро дар ҷузъи уламое зикр карда , ки бо Ибни Таймия мухолифат кардаанд” . [2] Ва ба ҳамин хотир Ибни Касир ӯро шахси кам - илм муаррифӣ карда,[3] дар ҳоле ки Заҳабӣ дар бораи ӯ мегӯяд: “Имом , қозии қозиҳо , аз раҳбарони бузург , дар мазҳаб миёнарав буд , сираи маҳмуде дошт ва макориму хубиҳои зиёде дошт” . [4] 3 . Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Рафъаи Шофеӣ (вафотёфтаи 710 ҳ . ) Ў Ибни Таймияро ба баҳсу мунозира фаро хондааст . Бинобар ин аст , ки Шавконӣ аз мақоми ӯ кам карда , гуфтааст: “ӯ наметавонад ба Ибни Таймия наздик шавад” . [5] Ибни Қозии Димишқӣ дар васфи ӯ мегӯяд: “Шайх , олим , аллома , шайхулислом ва ҳамлкунандаи парчами шофеиҳо дар замони худ” . [6]
|