Далоили носибӣбудани Ибни Таймия



Дар миёни донишмандони аҳли суннат фаровон ҳастанд касоне ки Ибни Таймияро носибӣ (душмани Аҳли Байт) хондаанд.

Инак, мо аввалан ба суханони худи ӯ, ки далолат бар носибӣ буданаш мекунад, ишора карда ва баъд аз он, баъзе аз суханони уламои аҳли суннатро зикр хоҳем кард.

Ибни Таймия мегӯяд:

فإن عليا قاتل على الولاية وقتل بسبب ذلك خلق كثير ولم يحصل في ولايته لا قتال للكفار ولا فتح لبلادهم ولا كان المسلمون في زيادة خير.

“Ҳамоно Алӣ барои риёсат ҷангид ва ба хотири он, халқи зиёде кушта шуданд. Дар замони хилофати Алӣ на бо куффор ҷангида шуд ва на сарзамине фатҳ гардид ва на хайре барои мусулмонон изофа шуд”. [1]

Боз ҳам ӯ мегӯяд: “Куштани инсон фасодкорист ва ҳар ки ба хотири итоат аз худаш мардумро бикушад, хостори бартариҷӯӣ ва фасод дар замин аст. Ва ин ҳоли Фиръавн аст, ки Худо мефармояд: “Ин аст хонаи охират, ки мо онро барои касоне қарор медиҳем, ки дар замин хостори улув ва фасод нестанд. . . ”. [2]

Онгоҳ дар ҷои дигаре мегӯяд:

 وعلي يقاتل ليطاع ويتصرف في النفوس والأموال فكيف يجعل هذا قتالا على الدين.

“Алӣ барои ин ҷангид, ки дигарон аз ӯ итоат кунанд ва бар молу нафси мардум мусаллат шавад. Пас чӣ гуна мешавад ҷанги ӯро, ҷанг барои дин донист”. [3]

Боз ҳам Ибни Таймия мегӯяд:



1 2 3 4 next