Оё ҷангҳои Алӣ, аз навъи ҷиҳоди воҷиб набуд ?



Дар рад бар ин иддаои Ибни Таймия, кофист ба ривоятҳои зерин диққат намоем:

● Қайс мегӯяд:

عن قيس بن أبي حازم قال سمعت عليا يقول انفروا إلى كذا انفروا إلى بقية الأحزاب إلى من يقول كذب الله ورسوله ونحن نقول صدق الله ورسوله.

“Алӣ (дар рӯзи Сиффин ба ёрони худ) фармуд: “Ҳаракат кунед (барои ҷиҳод) ба тарафи боқимондаи аҳзоб (яъне боқимондаи лашкари мушрикони Бадр); ба сӯи ҳамон касоне ки мегӯянд: “Худо ва Расулаш дурӯғ гуфтаанд” ва мо мегӯем: “Худо ва Расулаш рост гуфтанд”.[1]

Ин ҳадис аз Қайс ибни Абӯҳозим ва Абӯвоил бо беш аз панҷ санад ривоят шуда. Доруқутнӣ барои ин ҳадис се санад зикр карда ва санади онро низ саҳеҳ хондааст. Яке аз асониди Баззор ва ҳар се санади Абдуллоҳ ибни Аҳмад низ саҳеҳ ҳастанд.

● Имом Алӣ фармудаанд: “Мо ва ҳизби мо, ҳизби Худо ҳастем ва ҳизби лашкари туғёнгару золим (лашкари Муовия) ҳизби шайтонанд. Пас, ҳар он касе ки мо дар пеши чашмонаш бо душманонамон яксон бошем, ӯ аз мо нахоҳад буд”.[2]

Аз ин ду ҳадис ва ҳадиси дигаре, ки ба зудӣ ба он ишора хоҳад шуд, бепоягии ин пиндори Ибни Таймия, ки гуфт: “Ин ду ҷанг на воҷиб буд ва на мустаҳаб” собит мешавад.

Ҳадиси зер низ бар воҷиб будани ин ҷанг далолат мекунад.

● Амр ибни Ториқ, Яҳё ибни Ҳонӣ, Мириқи Обидӣ ва Асбағ ибни Набота ривоят кардаанд:

قال الحسن بن علي لعلي بالربذة وقد ركب راحلته وعليها رحل له رث: إني لاخشى أن تقتل بمضيعة فقال: إليك عني فوالله ما وجدت إلا قتال القوم أو الكفر بما جاء به محمد.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 next