Ибни Таймия ва миқдори огоҳии Алӣ аз суннати Паёмбар



Ибни Таймия иддао мекунад, ки Имом Алӣ ба суннатҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) огоҳии комиле надошта .  Инак, баъзе аз иддаоҳои Ибни Таймия дар ин замина:

● “Хеле аз суннатҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бар Алӣ пинҳон монда буд ва Алӣ бо ҳамин ҳол (яъне онҳоро нашинохта) аз дунё рафт” . (1)

● “Хеле аз чизҳое, ки Алӣ дар онҳо бар хилофи ҳақ ақида дошт, баъдан барояш равшан шуд .  Ҳатто дар мавриди бисёре аз аҳком, бар хилофи воқеъ фикр мекард ва бо ҳамин ҳол ва ақида аз дунё рафт” . (2)

Ҷавоб: Бар асоси ахбори саҳеҳ (ва ҳатто аҳёнан ахбори мутавотир) собит шуда, ки Амири мӯъминон вориси илми Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳастанд .  Агар вориси илм ва дарвозаи илму ҳикмати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бо ҳақиқат ва суннати он ҳазрат ошно набошад, пас чӣ касе метавонад бо суннати он ҳазрат ошно бошад?

Инак, ба порае аз аҳодисе, ки ҷойгоҳи илмии Имомро баён мекунад, ишора мекунем:

● Имом Алӣ мефармуданд: “Дар бораи ҳар чӣ мехоҳед аз ман бипурсед .  Ба Худо савганд, дар бораи ҳар чизе ки то рӯзи қиёмат мешавад, аз ман бипурсед ва ман барои шумо хабари онро медиҳам .  Дар бораи китоби Худо аз ман бипурсед .  Ба Худо савганд, ҳеҷ ояте нест, магар ин ки ман онро медонам; оё дар шаб нозил шуда, ё дар рӯз, оё дар замини ҳамвор нозил шуда, ё дар кӯҳ” . (3)

Ин ҳадис саҳеҳ ва мусаллам аст ва бо ду санад ривоят шуда, касе ғайр аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва Имом Алӣ алайҳис салом дар таърих чунин сухане натавониста бигўяд .

Мусаффаҳ мегўяд: Алӣ ба ман гуфт: Эй бародари Омирӣ ҳар чӣ Худо ва Паёмбараш гуфтаанд аз ман саол кун, ҳамоно мо Аҳли Байт донотарини (мардум) ба сухани Худо ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳастем . (4) Cанади ин хабар комилан саҳеҳ аст .

● Саид ибни Мусаййиб мегӯяд: “Ҳеҷ як аз саҳоба набуд, ки иддао карда бошад, ки: “Ҳар чӣ мехоҳед аз ман бипурсед”, ба ғайр аз Алӣ” . (5) Санади ин ҳадис саҳеҳ аст .  

( عن عليٍّ قال: علّمني رسول الله ألف باب علم يُفْتَح من كلِّ باب ألف باب .  )



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 next