Ибни Таймия ва ҳадиси манзилат



Ибни Таймия мегӯяд: “Паёмбар ҳадиси манзилатро фақат як мартаба дар ғазваи Табук ирод фармуданд ва ба иттифоқи аҳли илм аслан ин ҳадисро дар ғайри ин маҷлис ирод нафармудаанд”. (1)

Ҷавоб: Ин сухан низ аз дурӯғҳо ва инкори ҳақоиқ аз тарафи Ибни Таймия аст. Чӣ қадар Ибни Таймия ба дурӯғ иттифоқҳо аз барои аҳли илм ва аҳли маърифат дуруст кардааст, ки дар аксари онҳо иттифоқи онҳо баръакси иддаои Ибни Таймия аст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ин ҳадиси шарифро дар ҷойҳои мухталиф ва беш аз даҳ мартаба ирод фармудаанд, ки мо ба баъзе аз онҳо ишора мекунем:

● Ибни Абӯавфо мегӯяд: “Ҳангоми бастани аҳди бародарӣ миёни асҳоб, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) байни Абӯбакр ва Умар ин аҳдро бастанд. Алӣ гуфт: “Эй Расули Худо! Гӯё камарам шикаст вақте дидам шумо байни ҳамаи асҳоб аҳди бародарӣ баста, вале байни ман ва касе ин аҳдро набастед. Агар ин корро ба ин хотир бо ман накардаед, ки аз ман шояд норозӣ ҳастед, чунин ҳаққеро медиҳам”. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: “Савганд ба он зоте ки маро ба ҳақ мабъус кардааст, (ман аз ту розӣ ҳастам) ва агар туро ба охир гузоштам, ба ин хотир аст, ки ту аз барои худам бародар хоҳӣ буд. Ту аз барои ман, ба манзилаи Ҳорун нисбат ба Мӯсо ҳастӣ, бо ин фарқ ки ту паёмбар нестӣ. Ту бародар ва вориси ман ҳастӣ”. Алӣ гуфт: “Чӣ чизеро аз шумо ба мерос хоҳам бурд?” Фармуданд: “Он чиро ки аз анбиёи қабл аз ман ба мерос бурда шуда”. Алӣ арз кард: “Аз анбиёи қабл аз шумо чӣ чизе ба ирс бурда шудааст?” Фармуданд: “Китоби Худо ва суннати паёмбарашон. Ту ҳамроҳи ман дар қасрам дар ҷаннат бо ҳамроҳи духтарам Фотима хоҳӣ буд ва ту бародар ва рафиқам ҳастӣ....”. (2)

Ин ҳадис аз

Ибни Аббос, Зайд Ибни Абӯавфо бо се санад ва аз Маҳдӯҷ ибни Зайд низ ривоят шудааст.

● Ибни Аббос мегӯяд: “Умар ибни Хаттоб гуфт: “Аз ёд (бад) кардани Алӣ даст бардоред. (3) Ман аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар бораи Алӣ се фазилат шунидаам, ки агар яке аз онҳо дар ман буд, бароям беҳтар аз ин аст, ки ҳамаи дунёро дошта бошам. Боре ман, Абӯбакр, Абӯубайда ибни Ҷарроҳ ва чанд нафар аз асҳоби Паёмбар дар назди он ҳазрат будем ва он ҳазрат ба Алӣ такя карда буданд. Ногаҳ ҳазрат бо дасташон ба китфи Алӣ зада, фармуданд: “Эй Алӣ! Ту аввалин касе ҳастӣ, ки имон ва Ислом овардӣ ва ту аз барои ман ба манзилаи Ҳорун нисбат ба Мӯсо ҳастӣ. Дурӯғ мегӯяд ҳар он касе ки гумон кунад, ки маро дӯст дорад дар ҳоле, ки туро душман дошта бошад”. (4)

● Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба масҷид омаданд дар ҳоле, ки мо дароз кашида будем. Ҳазрат фармуданд: “Оё дар масҷид хобидаед? Дар масҷид намехобанд”. Сипас Алиро, ки аз ҷумлаи онҳо буд, хитоб карда, фармуданд: “Биё, эй Алӣ! Ба дурустӣ, ки ҳалол аст аз барои ту он чӣ ки аз барои ман ҳалол аст. Оё розӣ нестӣ, ки аз барои ман ба манзилаи Ҳорун нисбати Мӯсо бошӣ, ба ғайр аз паёмбарӣ”. (Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42.с.140).

● Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: “Эй Умми Салама! Алӣ, гӯшташ гӯшти ман ва хунаш хуни ман аст. ӯ аз барои ман ба манзилаи Ҳорун ба Мӯсост, магар ин ки баъд аз ман паёмбаре нахоҳад буд (яъне бо ин фарқ, ки Алӣ паёмбар нест)”. (5)

Ҳамин миқдор кофист, ки собит гардад Ибни Таймия дар ин маврид низ дурӯғ мегӯяд, ҳарчанд аҳодиси зиёди дигаре ҳам дорем.

 

Муқобиласозии Ибни Таймия дар баробари ҳадиси манзилат

Ибни Таймия барои муқобила бо ҳадиси манзилат, мегӯяд: “Дар Саҳеҳайн (Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим) собит шуда, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) баъд аз машварат бо Абӯбакр ва Умар дар бораи асирони ҷанги Бадр, хитоб ба ҳозирон фармуданд: “Ман ба шумо аз ин ду соҳибатон хабар хоҳам дод. Масали ту, эй Абӯбакр, масали Иброҳим аст ва масали ту, эй Умар, масали Нӯҳ аст”.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 next