Имом Алӣ ва ёронаш



107-يونس بن ابي يعفور م1 د ممن يفرط في التشيع.

Юнус ибни Абияъфур, дар шиагӣ зиёдаравӣ мекунад (яъне рофизӣ буд). Таҳзибут таҳзиб ҷ11р771. Муслим аз ў 1 ҳадис ва Абўдовуд ҳадис ривоят кардаанд.

108-يونس بن خباب الاسدي بخ2 4 شيعي غال وكان يغلو في الرفض ووثقه ابن معين وابن شاهن وعثمان بن ابي شيبه وقال ساجي صدوق، وهو كان يشتم عثمان تكلموا فيه. كان يقول: عثمان قتل ابنة رسول الله. تهذيب 11ر749.

Юнус ибни Хаббоб, шиаи зиёдарав, рофизӣ. Усмонро дашном медод. Ў мегуфт: Усмон духтари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро кушт. Таҳзибут таҳзиб ҷ11р749. Бухорӣ дар Адабул муфрад 2 ҳадис ва 4 саҳеҳи дигар яъне Тирмизӣ, Ибни моҷа, Абўдовуд ва Насоӣ аз ў ҳадис ривоят кардаанд.

Ин 108 нафар бо изофаи он даста аз саҳобае, ки гузашт, аз шиаёне ҳастанд, ки Бухорӣ ва Муслим аз онҳо ҳадис ривоят кардаанд ва ё саҳоба ва тобеине ҳастанд, ки яке аз чаҳор саҳеҳи дигари аҳли суннат аз онҳо ҳадис ривоят кардаанд ва худи уламои аҳли суннат ба шиа будани онҳо эътироф кардаанд. Ва агар саҳоба ва тобеин ва дигар муҳаддисонеро, ки шиа будани онҳо мусаллам аст ва уламои аҳли суннат ба он ишора накардаанд бишморем, хеле фаровон хоҳанд буд ва илова бар ин бояд ба ин нукта таваҷҷўҳ шавад, ки ровиёни шиае, ки чаҳор саҳеҳи дигари аҳли суннат яъне Тирмизӣ ва Ибни Моҷа ва Абўдовуд ва Насоӣ аз онҳо ҳадис ривоят кардаанд ва ғайр аз саҳоба ва тобеин ҳастанд, беш аз сад нафари дигарро худи уламо ва муҳаддисони аҳли суннат ном бурда ва эътироф бар шиа будани онҳо кардаанд, ки мо чун хостем танҳо саҳоба ва тобеин ва он ровиёнеро, ки Бухорӣ ва Муслим аз онҳо ҳадис ривоят кардаандро зикр кунем, лизо аз зикр онҳо худдорӣ кардем.

Шахси бо инсоф ва толиби рушду саодат ва ризояти Парвардигори Мутаол, агар ақли худро ба кор гирад ва инсоф ба харҷ диҳад, аз он чӣ зикр шуд ба роҳатӣ ҳаққу ботилро метавонад бишносад ва бо ростгўёну дурўғгўён ошно хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин ҳама аҳодиси исломӣ дар бораи Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва оёти Қуръон, ки салавот фиристодан бар онҳо ва муҳаббати онҳоро воҷиб қарор дода ва хеле оёти дигар, ки дар бораи он бузургворон ворид шуда, вале шумо агар ба таърих муроҷиат кунед мебинед, ки ба ин хонадон чӣ гуна зулм шуда ва баъд худ метавонед зулмеро, ки имрўз ва дар тўли таърих ба шиаёни онҳо шуда муқоиса кунед. Фарқи ин ду навъ зулм ин аст, ки касоне, ки ба АҲли Байт зулм карданд худро пайраву дўстдори Паёмбари гиромии Ислом мехонданд ва Аҳли Байтро ба гунае аз худи он ҳазрат ҷудо карда ба онҳо зулм мекарданд, вале касоне, ки ба пайравони Имом Алӣ ва Аҳли Байт зулм мекунанд, худро пайрави Аҳли Байт низ мехонанд, чун бо ин роҳ мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанд ва амалу пайравӣ аз он даста оёту ривоётеро, ки дар китобҳо ворид шуда кам ранг кунанд.

Барои дар ҷараён қарор гирифтани хонандагони азиз, танҳо ба як хабар дар мазлумияти Аҳли Байт ишора мекунем.

عن المنهال يعني بن عمرو قال دخلت على علي بن حسين فقلت كيف أصبحت أصلحك الله فقال ما كنت أرى شيخا من أهل المصر مثلك لا يدري كيف أصبحنا فأما إذ لم تدر أو تعلم فسأخبرك أصبحنا في قومنا بمنزلة بني إسرائيل في آل فرعون إذ كانوا يذبحون أبناءهم ويستحيون نساءهم وأصبح شيخنا وسيدنا يتقرب إلى عدونا بشتمه أو سبه على المنابر وأصبحت قريش تعد أن لها الفضل على العرب لان محمدا منها لا يعد لها فضل إلا به وأصبحت العرب مقرة لهم بذلك وأصبحت العرب تعد أن لها الفضل على العجم لان محمدا منها لا يعد لها فضل إلا به وأصبحت العجم مقرة لهم بذلك فلئن كانت العرب صدقت أن لها الفضل على العجم وصدقت قريش أن لها الفضل على العرب لان محمدا إن لنا أهل البيت الفضل على قريش لان محمدا منا فأصبحوا يأخذون بحقنا ولا يعرفون لنا حقا فهكذا أصبحنا إذ لم تعلم كيف أصبحنا قال فظننت أنه أراد أن يسمع من في البيت.

Минҳол ибни Амр мегўяд: Ба Алӣ ибни Ҳусайн (Имом Саҷҷод) дохил шуда гуфтам: Чӣ гуна субҳ кардӣ? Фармуд: Гумон намекардам, ки шайхе монанди ту надонад, ки мо чӣ ҳол дорем. Пас акнун, ки намедонӣ ба зудӣ ба ту хабар хоҳам дод. Дар байни қавмамон (байни муслимин) ҳоламон ба монанди Бани Исроил аст дар байни фиръавниён, ки фарзандони Бани Исроил (муваҳҳидон)-ро гардан мебуриданд ва занонашонро зинда нигаҳ медоштанд ва шайху сарвари мо кораш ба ҷое расида, ки бо дашном додани ў дар минбарҳо мардум бар душманони мо наздикӣ меҷўянд. Қурайш мўътақид аст, ки бар араб бартарӣ дорад, чун Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз онҳост ва танҳо ба ин хотир бартар аз араб медонад ва араб низ ин бартарӣ ва иддиои онҳоро қабул карда, Араб мўътақид аст, ки бартар аз ғайри араб аст, чун Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз онҳост ва танҳо ба ин хотир бартар аз ғайри араб медонад ва ғайри араб низ ин бартарӣ ва иддиои онҳоро қабул карда. Пас агар араб рост мегўяд, ки бартар аз ғайри араб аст ва қурайш низ рост гуфта бошад, ки бар аз араб аст, чун Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз онҳост, ҳатман мо Аҳли Байт фазлу бартарӣ бар қурайш хоҳем дошт, чун Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз мост. Пас онҳо бо ҳаққи мо худро бартар мешуморанд, вале барои мо ҳаққе қоил нестанд, агар намедонӣ, ки мо чӣ ҳол дорем, ҳоли мо ин гуна аст. Ровӣ гуфт: Гумон мекунам ў (Имом Саҷҷод ё Минҳол) хост, ки ҳар, ки дар хона ҳаст ин ҳақиқатро бишнавад. (153)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next