Имом Алӣ ва ёронаш



Минҳол ибни Амр, шиа мазҳаб буд. Бухорӣ 21 ва Муслим 10 ҳадис аз ў ривоят кардаанд. Муқаддимаи Фатҳул борӣ с446.

94-النسائي الا ان فيه قليل التشيع وانحراف عن خصوم الامام علي كمعاوية وعمرو والله يسامحه. سير ذهبى 14/133ر67.

Насоӣ собиҳи яке аз сиҳоҳи шашгона. Заҳабӣ мегўяд: Дар Ў каме шиагӣ буд, ў аз душманони Алӣ монанди Муовия ва Амри Ос мунҳариф ва гумроҳ буд, Худо ўро хоҳад бахшид. (яъне душманони Алиро душман медошт). Сияру аъломун нубало 14/133р67.

Бояд таваҷҷўҳ дошта бошем, ки аз оёти Қуръон ва ривоёти саҳеҳ ва мутавотир истифода мешавад, ки бе шак душманони Имом Алӣ ва Аҳли Байт, душмани Худо ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ буда ва мунофиқ ҳастанд ва ба мусулмонон воҷиб аст, ки чунин афродро душман дошта бошанд. Аммо назди аҳли суннат мутаассифона душманӣ бо душманони Аҳли Байт айб ва гуноҳ аст ва дар инҷо низ мулоҳиза мекунед, ки худи Заҳабӣ ба равшанӣ ба душмани Имом Алӣ будани Муовия ва Амр ишора мекунад, вале душманӣ бо онҳоро гуноҳ мешуморад. Аз ин намунаҳо дар китобҳои аҳли суннат зиёд аст, ки тарафро ба хотири ҳақ гўӣ ҳатто дар бораи афроде монанди Муовия ва Амр ин гуна муттаҳам ба шиа будан мекунанд, дар ҳоле, ки мусаллам аст, ки Насоӣ шиа набудааст.

95-نوح بن قيس بن رباح م2 4 صالح الحديث كان يتشيع. ميزان 4ر9140. هو ثقة.

Нўҳ ибни Қайс, шиа. Мизонул эътидол ҷ4р9140. Муслим аз ў 2 ҳадис ва бақия ҳадис ривоят кардаанд.

96-هارون بن سعد العجلي م1 كان غاليا في الرفض ...وكان من غلاة الشيعة. تهذيب 11ر9.

Ҳорун ибни Саъд, аз ғолиёни шиа ва рафз буд. Таҳзибут таҳзиб ҷ9р11. Муслим аз ў 1 ҳадис ривоят кардааст.

97-هشام بن سعد المدني رمي بالتشيع صدوق خت3 م8 4. تقريب 2/266. وكان متشيعا. تهذيب 11ر80.

Ҳишом ибни Саъд, шиа. Тақрибут таҳзиб 2/266. Таҳзибут таҳзиб ҷ11р80. Бухорӣ дар Адабул муфрад 3 ва Муслим 8 ва бақия аз ў ҳадис ривоят кардаанд.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next