Имом Алӣ ва ёронаш



Фитр ибни Халифа, шиа буд ва Бухорӣ ва чаҳор саҳеҳ дигар аз ў ҳадис ривоят кардаанд ва ў аз тобеин аст. Ман лаҳу ривоят фи кутубис ситта ҷ2р4493.

80-كميل بن زياد س من رؤساء الشيعة وقالوا ايضا رافضي ثقة. تهذيب 8/402.

Кумайл ибни Зиёд, аз руасои шиа ва рофизӣ. Насоӣ аз ў ҳадис ривоят карда ва ў азтобеин ва ёрони наздики Имом Алӣ алайҳис-салом аст. Таҳзибут таҳзиби Ибни Ҳаҷар ҷ8р402.

81-مالك بن اسماعيل ابوغسان شيخ البخاري ع خ5 م1وفيه ادنى تشيع الحافظ الحجة الامام. سير ذهبى 10/432.ر132. كان ثقة صدوقا متشيعا شديد التشيع. ابن سعد 6/405.

Молик ибни Исмоил Абўғассон, дар ў каме шиагӣ аст. Сияру аъломун нубало 10/432р132. ў шиаи сахт буд. Табақоти Ибни Саъд 6/405. Таҳзибут таҳзиб 10/30р2. Ў устоди Бухорӣ буда ва Бухорӣ аз ў 5 ва Муслим 1 ва бақия аз ў ҳадис ривоят кардаанд.

قال الحسين الغازي: سألت البخاري عن أبي غسان قال: وعماذا تسأل؟ قلت: التشيع. فقال: هو على مذهب أهل بلده ولو رأيتم عبيدالله بن موسى وأبا نعيم وجماعة مشايخنا الكوفيين لما سألتمونا عن أبي غسان.

Аз Бухорӣ дар бораи Абўғассон суол карданд, гуфт: Аз чӣ ҷиҳат мепурсӣ, гуфт: Аз Шиа буданаш. Гуфт: Ў бар мазҳаби ҳамшаҳриёнаш аст. Агар Убайдуллоҳ ибни Мўсо ва Абўнаим ва ҷамоате аз устодони аҳли Кўфаи моро медидед ҳаргиз маро аз ҳоли Абўғассон суол намекардед. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ  10/432р132

Бо шарҳи ҳоли Убайдуллоҳ ва Абўнаим дар гузашта ошно шудем ва аз ин сухану шаҳодати Бухорӣ истифода мешавад, ки бояд ин ду хеле шадидтар аз Абўғассон дар шиагӣ бошанд ин дар ҳолест, ки Ибни Саъд мегўяд: Абўғассон шиаи сахт буд, пас бояд аз ҷумлаи рофизиҳо ўро хонд, ки аҳли суннат мўътақиданд, пас агар Абўғассон ҷойгоҳаш ин бошад, Убайдуллоҳ ва Абўнаим ва дигар асотиди Бухорӣ, бояд хеле шадидтар аз ў дар шиагарӣ бошанд, ки ҳатман ҷузви рофизиҳо ба таъбири аҳли суннат дохил хоҳанд шуд.

82-محمد بن جحادة ع خ5 م1 قال ابو عوانة: كان يغلو في التشيع من ثقات التابعين.

Муҳаммад ибни Ҷуҳода, дар шиагӣ зиёдаравӣ мекард (яъне рофизӣ буд). Бухорӣ аз ў 5 ҳадис ва Муслим 1 ва бақия аз ў ривоят кардаанд, аз сиқоти тобеин аст. Мизонул эътидол ҷ3р7305. Таҳзибут таҳзиб 9/120.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next