Имом Алӣ ва ёронаш



قرأ قول عمر لعلي والعباس: فجئت أنت تطلب ميراثك من ابن أخيك وجاء هذا يطلب ميراث امرأته قال عبد الرزاق: انظروا إلى هذا الانوك يقول: تطلب أنت ميراثك من ابن أخيك ويطلب هذا ميراث زوجته من أبيها لا يقول: رسول الله. قال زيد بن المبارك: فلم أعد إليه ولا أروي عنهسير أعلام النبلاء 9/574-572ر220.

Абдураззоқ ибни Ҳаммом, дар шиагӣ зиёдаравӣ ва ғулув мекард (яъне рофизӣ буд). Таҳзибут таҳзиб ҷ6р611. Заҳабӣ мегўяд: Ба Абдураззоқ шиа буданашро айб гирифтаанд, вале ў дар шиагӣ ғулув намекард балки танҳо Алиро дўст дошт ва касонеро, ки бо Алӣ ҷангиданд (монаанди Оиша, Талҳа, Зубайр, Муовия ва дигарон)-ро душман медошт. Тазкиратул ҳуффоз”-и Заҳабӣ 1/364р357. Дар назди Абдураззоқ дар маҷлисе номи Муовияро ёд карданд Абдураззоқ гуфт: Бо зикру ёди писари Абўсуфён маҷлиси моро наҷас ва олуда накун. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ 9/570р220. Яҳё ибни Муин мегўяд: Рўзе аз Абдураззоқ сухане шунидам ва аз он ба шиа будани ў пай бурдам ва гуфтам: Устодҳое, ки ту аз онҳо илму ҳадис гирифти Муаммар, Молик, Ибни Ҷурайҷ, Суфён ва Авзоӣ ҳамашон суннӣ ҳастанд ва ту ин мазҳабро аз кӣ гирифтӣ? Гуфт: Ин мазҳабро аз Ҷаъфар ибни Сулаймон, ки шахси фозил ва роҳнамои хубе буд, гирифтам... (Дар гузашта ба ақидаи Ҷаъфар ишора шуд). Мизонул эътидол 2/611р5044. Абдураззоқ ин сухани Умарро, ки ба Аббос ва Алӣ гуфт хонд: Ту (Аббос) омадӣ меросатро аз писари бародарад талаб мекунӣ ва ин (Алӣ) омада мероси занашро талаб мекунед. Абдураззоқ гуфт: Ба ин аҳмақ нигоҳ кунед, мегўяд: Ту меросатро аз писари бародарад талаб мекунӣ ва ин мероси занашро аз падараш талаб мекунад, Расули Худо намегўяд. Зайд ибни Муборак мегўяд: Баъд аз ин сухан ба назди ў дигар барнагаштам ва ривоят низ накардам. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ 9/574р220. Сиҳоҳи шашгона аз Абдураззоқ ҳадис ривоят кардаанд ва Ў устоди муҳаддисони бузарге монанди Аҳмади Ҳанбал ва Яҳё ибни Муин аст ва Бухорӣ дар саҳеҳаш аз Ў 180 ҳадис ва Муслим 420 ривоят кардаанд.

57-عبدالعزيز بن سياه الحماني خ1 م1 د س ت شيعي صدوق. من له راوية في ستة 1ر3391. من كبار الشيعة. تهذيب 6ر657.

Абдулазиз ибни Сиёҳ, аз бузургони шиа.Таҳзибут таҳзиб ҷ6р657. Бухорӣ ва Муслим як кадом як ҳадис ва Абўдовуд ва Насоӣ ва Тирмизӣ аз ў ҳадис ривоят кардаанд.

58-عبدالملك بن اعين ع خ1 م1 صدوق (ثقة) شيعي. كان رافضيا.

Абдулмалик ибни Аъян, шиӣ, рофизӣ буд. Ман лаҳу ривоят фи кутубис ситта ҷ1р3439. Таҳзибут таҳзиб ҷ6р729. сиҳоҳи шашгона ҳама аз ў ҳадис ривоят кардаанд ва Бухорӣ ва Муслим ҳад кадом як ҳадис аз ў ривоят кардаанд.

59-عبيدالله بن موسى ع خ42 م27 شيخ البخاري كان شيعيا محترقا م213. تذكرة الحفاظ 1/354ر343. كان معروفا بالرفض لم يدع احدا اسمه معاوية يدخل داره... سير ذهبى 9ر215. تهذيب 7ر97.

Убайдуллоҳ ибни Мўсо, устоди Бухорӣ, шиаи ҷўш буд. Тазкиратул ҳуффоз 1/254р343. Маъруф ба рофизӣ буд, касеро (муҳаддисеро), ки номаш Муовия буд ба хонааш роҳ намедод. Сияру аъломун нубало ҷ9р215. Таҳзибут таҳзиб ҷ7р97. Сиҳоҳи шашгона аз ў ҳадис ривоят кардаанд ва Бухорӣ аз ў 42 ва Муслим 27 ҳадис ривоят кардаанд.

60-عدي بن ثابت الانصارى ع خ38 م24 شيعي مفرط كان غاليا في التشيع ثقة وكان امام مسجد الشيعة. ابوقطن عن المسعودي قال: ما رأيت احدا اقوم بمقالة الشيعة من عدي بن ثابت. الامام الحافظ الواعظ لاانصاري.

Адӣ ибни Собит, дар шиагӣ ғолӣ ва зиёдарав (яъне рофизӣ) ва имоми масҷиди шиа буд. Таҳзибут таҳзиби Ибни Ҳаҷар ҷ7р330. Масъудӣ гуфтааст: Касеро побарҷотар аз Адӣ ибни Собит бар ақидаи шиагии худ надидам. Муснади Аҳмад ҳадиси р2511-2530 ва дигарон. Имоми ҳофизи воизи ансорӣ. Сияру аъломун нубало ҷ5р68. Бухорӣ аз ў 38 ва Муслим 24 ҳадис ва биқия аз ў ҳадис ривоят кардаанд ва ў аз бузургони тобеин аст.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next