Имом Алӣ ва ёронаш



وروى أن قوما ذكروا معاوية عند شريك فقيل: كان حليما. فقال شريك: ليس بحلم؟ من سفه الحق وقاتل عليا .

Шарик ибни Абдуллоҳи қозӣ, шиа балки шиаи ғолӣ (рофизӣ) гуфта шудааст. Мизонул эътидол ҷ2р3697. Сияри Заҳабӣ 8/209р37. Таҳзибут таҳзиб ҷ4р587. Бухорӣ дар Адаб 7 ҳадис ва Муслим дар саҳеҳаш 7 ҳадис ва бақия аз ў ҳадис ривоят кардаанд.

Мардум ба Шарик гуфтанд: Мегўянд, ки ту шак дорӣ! Гуфт: Эй Аҳмақ чӣ гуна ман шак дорам! Дўст доштам кош ҳамроҳи Алӣ (дар ҷангҳояш) будам ва дастамро бо шамшерам ба хуни (думанони Алӣ) рангин мекардам.

Гурўҳе аз Муовия ёд карда ўро шахси ҳалим ва бурдбор хонданд. Шарик гуфт: Касе, ки ҳақро хор кард ва бо Алӣ ҷангид бурдбор нахоҳад буд. Мизонул эътидоли Заҳабӣ ҷ2р3697. Таърихи Ибни Касир 8/139.

41-ضرار بن صرد بخاري در خلق افعال عباد يتشيع. تهذيب 4ر798.

Зурор ибни Сурад, шиа буд. Таҳзибут таҳзиби Ибни Ҳаҷар ҷ4р798. Бухорӣ дар “хулқу афъолил ибод” аз ў ҳадис ривоят карда ва ў устоди Бухорӣ аст.

42-طاووس ع خ110 م83 فيه تشيع وهو يسير لا يضر ان شاء الله. سير ذهبى 5/45ر13. معارف ص 624.

Товўс ибни Кайсон, дар ў шиагӣ аст ва он кам ва зараре намекунад.(147) Бухорӣ аз ў 110 ва Муслим 83 ҳадис ривоят кардаанд. Товўс аз бузургони тобеин ва аз асҳоби Имом Саҷҷод алайҳис-салом аст.

43-عاصم بن عمرو ويقال ابن عوف الكوفي ق احد الشيعة كان من اصحاب حجر بن عدي لما قتل بالعذراء. تهذيب 5ر87.

Осим ибни Амр, шиа аз асҳоби Ҳуҷр ибни Адӣ ҳамроҳи Ҳуҷр (Муовия ўро) дар азроъ ба қат расонид. Ва Ибни Моҷа аз ў ҳадис ривоят кардааст ва аз тобеин аст. Таҳзибут таҳзиб ҷ5р87.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next