Имом Алӣ ва ёронаш



Ҷобир ибни Абдуллоҳ мегўяд: Дар назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам будем, ки Алӣ омад пас ҳазрат фармуданд: Қасам ба зоте, ки ҷонам дар ихтиёри ўст ҳатман ин (Алӣ) ва шиаёнаш дар қиёмат наҷотёфтагонанд ва ин оя (дар бораи ў) нозил шуд: "Ҳатман касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд" баъд аз он ҳамеша ҳар вақт Алӣ меомад саҳобагон мегуфтанд: Беҳтарини халқ омад. (3)

 3-وأخرج ابن عدى وابن عساكر عن أبى سعيد مرفوعا على خير البرية.

Абўсаиди Худрӣ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ривоят карда, ки фармуданд: Алӣ хайрул бария аст. (4)

 4-وأخرج ابن عدى عن ابن عباس قال لما نزلت ان الذين آمنوا وعملوا الصالحات أولئك هم خير البرية قال رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم لعلى هو أنت وشيعتك يوم القيامة راضين مرضيين.

Ибни Аббос мегўяд: Вақте ояи "Ҳатман касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд" нозил шуд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ фармуданд: Беҳтарини халқ ту ва шиаёнат ҳастед, дар ҳоле, ки рўзи қиёмат шумо розӣ ҳастед ва аз шумо низ розӣ ҳастанд.(5)

5-عن على قال قال لى رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم ألم تسمع قول الله “ان الذين آمنوا وعملوا الصالحات أولئك هم خير البرية” أنت وشيعتك وموعدى وموعدكم الحوض إذا جئت الامم للحساب تدعون غرا محجلين.

Имом Алӣ мегўяд: “Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам ба ман фармуданд: Оё сухани Худоро нашунидӣ, ки мефармояд: "Ҳатман касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд" (онҳо) ту ва шиаёнат ҳастед, ваъдагоҳи ману шумо сари ҳавз аст он замоне, ки умматҳо барои ҳисобу китоб оварда мешаванд, бо пешониҳои сафеду нуронӣ (бар ман ворид хоҳед шуд). (6)

6-عن محمد بن علي وتميم بن حذلم: عن ابن عباس قال: لما نزلت هذه الاية: (إن الذين آمنوا وعملوا الصالحات أولئك هم خير البرية) قال النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم لعلي: هو أنت وشيعتك تأتي أنت وشيعتك يوم القيامة راضين مرضيين! ويأتي عدوك غضابا مقمحين قال علي: يا رسول الله ومن عدوي؟ قال: من تبرأ منك ولعنك ثم قال رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم: من قال: رحم الله عليا يرحمه الله.

 

 



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next