Имом Алӣ ва ёронаш



Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайни шаҳид. Абўдовуд, Тирмизӣ ва Ибни Моҷа аз Ў ҳадис ривоят кардаанд. Дар назди Зайд ибни Алӣ (бародари Имом Боқир) қурайшиҳо ва Бани Ҳошим ва Бани Махзум буданд  ва дар бораи Абўбакр ва Умар сухан гуфта ва Абўбакру Умарро бар дигарон бартар ва афзал хонданд ва Зайд сокит буд ва чизе ба онҳо намегуфт. Баъд ҳама рафтанд ва шаб боз баргаштанд. Зайд ибни Алӣ ба онҳо гуфт: Ман суханони шуморо шунидам ва дар бораи он сухане (шеъре) гуфтам, ки онро бишнавед сипас Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Абитолиб чунин суруд: Чӣ касеро гурўҳҳо рўзе  бо раъйи худ афзал донистанд  Пас ҳамоно Алиро маноқибаш ва сухани Паёмбар афзали мардум муаррифӣ карда ва ҳақ низ сухани он ҳазрат аст    гарчӣ бении дурўғгўён ба замин молида шавад ба ин ки “Ту эй Алӣ барои ман    монанди Ҳорун ба Мўсо ҳастӣ... (141)

Ҳамаи ровиёни ин хабар сиқа ҳастанд. Вале баъзеҳо Амр ибни Абдулғаффорро заиф ва матрук гуфтаанд, вале Абўдовуд ўро мадҳу ситоиш карда ва Ибни Ҳаббон сиқа ва мавриди эътимод донистааст. Пас ин хабар саҳеҳ аст ва бо воқеият низ созгор аст, чун аҳодиси фаровон, ки баъзеи онҳо мутавотиранд ва хеле аз онҳо саҳеҳ ва дар китобҳои худи аҳли суннат ворид шуда ба афзали ин уммат баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ будани Имом Алӣ алайҳис-салом ба равшанӣ таъкид кардааст.

 27-سالم بن ابي جعد ع خ41 م28 هو شيعي كما صرحوا متوفى 98 الى 101. ابن سعد 6/291. المعارف ص 624.

Солим ибни Абиҷаъд ў аз шиаён ва мутаваффои 98 то 101 аст. (142) Бухорӣ аз ў 41 ҳудис ва Муслим 28 ҳадис ва бақия низ аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Солим ва ду бародараш Убайда ва Зиёд аз ёрони хосси Имом Алӣ алайҳис-салом буданд.

28-سالم بن ابي حفصة بخ ت صدوق كان شيعيا. تهذيب 3ر800. تقريب 1/334.

Солим ибни Абиҳафса аз шиаён буд мутаваффои 137.(143) Бухорӣ дар Адабул муфрад ва Тирмизӣ аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Ў аз асҳоби Имом Саҷҷод ва Имом Боқир ва Имом Содиқ аст, ў др бозўии айби Абўбакр ва Умар дар раъс буд. Таҳзибут таҳзиби Ибни Ҳаҷар 3/375р800.

29-سعيد بن (عمرو في تهذيب م120) بن اشوع خ م ت صدوق مشهورغال زائغ يريد التشيع قاضي الكوفة. ميزان الاعتدال 2ر3139. قال ابن حجر في التقريب ثقة.

Саид ибни Амр, ё ибни Ашваъ ғолӣ дар шиа будан (яъне рофизӣ) ва аз тобеин аст. Бухорӣ ва Муслим ва Тирмизӣ аз ў ҳадис ривоят кардаанд ў мутаваффои 120 ҳ аст.

0-سعيد بن فيروز البختري ع رمي بالتشيع. مقدمه فتح ص 460. فيه تشيع م83 ثقه. تهذيب 4ر127.

Саид ибни Фирўз аз тобеин мутаваффои 83 ҳ ў шиа аст. Бухорӣ 3 ва Муслим низ ҳадис ва бақия низ аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Ў аз ёрони хосси Имом Алӣ алайҳис-салом аст. Таҳзибут таҳзиби Ибни Ҳаҷар ҷ4р127.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next