Имом Алӣ ва ёронаш



Ва ҳам чунин дар ояи аввал мефармояд: “Бадтарин халқ назди Худо”. Яъне ин, ки шояд хелеҳо бошанд, ки назди мардум хеле заранг ва бо ақлу хираду бузург шинохта шуда бошанд, вале дар пешгоҳи Парвардигор аз бадтарини халқ бошад, ки бояд ба ин нукта низ диққат шавад. Хуб диққат кунем, ки ин ояи шарифа арзиши инсонро ақли ў муаррифӣ карда ва ин гуна паём медиҳад, ки агар инсон ин ақлро ба кор нагирад ва фикр накунад, ҳатман дар пешгоҳи Худованди Мутаол, бадтар аз ҳайвонот ва ҷомодот хоҳад буд, ки ин воқеиятро бо равшанӣ ин ояи шарифа баён фармудааст.

 

Алӣ ва ёронаш дар Қуръон

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим афродиро бартарини башар муаррифӣ кардааст ва дар ривоёти исломӣ, ки муфассири Қуръон ривоёт хоҳад буд Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ин афродро ба равшанӣ муаррифӣ кардаанд, ки дар зер бо ин аҳодис ошно хоҳем шуд.

Худованди Мутаол дар Қуръон мефармояд:

إنَّ الَّذين آمنوا وعملوا الصّالحات أُولئك هم خير البريَّة"

"Касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд"

Акнун бо ривоёт, ки бартарини халқро муаррифӣ карда ошно хоҳем шуд:

1-لمّا نزلتْ هذه الآية: "إنَّ الَّذين آمنوا وعملوا الصّالحات أُولئك هم خير البريَّة" فقال النّبيُّ: هوأنتَ يا عليُّ وشيعتك تأتي يوم اليقيامة أنت وهم راضون مرضيّون ويأتي أعدائك غضباناً مقمحين.  

“Вақте ин ояи шарифа "Ҳамоно Касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд" нозил шуд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Беҳтарин халқ ту ва шиаёнат ҳастед, эй Алӣ. Ту ва шиаёнат дар рўзи қиёмат меоед дар ҳоле, ки шумо розӣ ҳастед ва аз шумо низ розӣ ҳастанд ва душманонат ғазабнок меоянд". (2)

Ин ки ин ояи шарифа дар бораи Имом Алӣ нозил шуда аз якчанд нафар ривоят шуда, ки мо ба онҳо ишора мекунем: Имом Алӣ, Ибни Аббос бо ду санад, Оиша, Абўсаид Худрӣ, Ҷобир, Анас, Абўҷоруд, Абўбарза ва Имом Боқир.

 2-عن جابر بن عبد الله قال كنا عند النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم فاقبل على فقال النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم والذى نفسي بيده ان هذا وشيعته لهم الفائزون يوم القيامة ونزلت ان الذين آمنوا وعملوا الصالحات أولئك هم خير البرية فكان أصحاب النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم إذا أقبل على قالوا جاء خير البرية.  



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next