Имом Алӣ ва ёронаш



Абўҳамзаи Сумолӣ мегўяд: Назди Иброҳими Нахаӣ будам, ки марде омаду гуфт: Эй Абоимрон, Ҳасани Басрӣ мегўяд: Ҳар гоҳ ду мусулмон ба ҳам шамшер бикашад қотил ва мақтул ҳар ду дар ҷаҳаннам хоҳад буд. Марде гуфт: Ин дар бораи касе, ки ба хотири дунё меҷангад ва аммо касе бо золимон биҷангад ҳеҷ ишколе надорад. Иброҳим гуфт: Асҳоби мо низ аз Ибни Масъуд ҳамин гуна нақл карданд. Ба ў гуфтанд: Дар рўзи Зовия (ҷанги байни Ҳаҷҷоҷ ва Абдураҳмон ибни Ашъас) дар куҷо будӣ? Гуфт: Дар хонаам. Гуфтанд: Дар рўзи Ҷумоҷим (ҷанги байни Ҳаҷҷоҷ ва Абдураҳмон ибни Муҳаммад) куҷо будӣ? Гуфт: Дар хонаам. Гуфтанд: Ҳамоно Алқама (аз бузургони тобеин) ҳамроҳи Алӣ дар ҷанги Сиффин (ҷанги бо Муовия) ҳозир буд. Иброҳим гуфт: Хушо ба ҳолаш, чӣ касе метавонад барои мо монанди Алӣ ва асҳобашро бошад.(122) Ўро хеле сутудаанд.  

  7-اسحاق بن منصور ع وكان فيه تشيع ثقة م204.

Исҳоқ ибни Мансур дар ў шиагӣ вуҷуд дорад. Асҳоби сиҳоҳ ҳама аз ў ҳадис ривоят кардаанд. (123)  Ў устоди Бухорӣ ва Муслим аст ва Бухорӣ беш аз 25 ва Муслим беш аз 98 ҳадис аз ў ривоят кардаанд.

8-اسماعيل بن ابان خ ت د شيخ البخاري 6 واحمد ثقه قال البزار: انما كان عيبه شدة تشيعه ثقة216 .

Исмоил ибни Абон устоди Бухорӣ ва Аҳмади Ҳанбал аст ва Бухорӣ 6 ҳадис аз ў ривоят карда. Баззор мегўяд: Айби ў шиддати ташаййўъаш (сахт шиа  буданаш яъне Ў рофизӣ) аст, ў мутаваффои 216 ҳ аст. (124)

9-اسماعيل بن زكريا الخلقاني ع صدوق شيعي م173 ثقة خ10 م11

Исмоил ибни Закариё, сиҳоҳи шашгона аз ў ҳадис ривоят кардаанд ва Бухорӣ 10 ва Муслим 11 ҳадис аз ў ривоят кардаанд ва ўро шиа хондаанд. (125)

 10-اسماعيل بن عبدالرحمن بن ابي كريمة السدي م8 4 رمي بالتشية. قال حسين بن واقد: سمعته يشتم ابابكر وعمر فلم اعد اليه. ميزان الاعتدال 1ر907 وثقوه. قال العقيلي: كان يتناول الشيخين م127. تهذيب 1ر572

Исмоил ибни Абдураҳмон, Муслим ва 4 сиҳоҳи дигар аз ў ҳадис ривоят кардаанд ва Муслим 8 ҳадис аз ў ривоят карда. Ҳусайн ибни Воқид мегўяд: Шунидам, ки ў Абўбакр ва Умарро дашном медод ва дигар ба наздаш барнагаштам. Ў мутаваффои 127 аст ва ўро шиа гуфтаанд.(126) Ва ў аз тобеин аст. Ва Заҳабӣ ўро Имом ва муфассир муаррифӣ кардааст. Сияру аъломун нубало 5/264р124.

 11-بكير بن عبدالله م5 ق رافضي ذكره ابن حبان في الثقات وقال ابن معين ليس بالقوى.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next