Имом Алӣ ва ёронаш



Асомии ин муҳаддисоне, ки зикр хоҳад шуд, бо тартиби алифбо зикр мегардад ва ёдовар мешавем, ки дар тарҷума ва шарҳи ҳоли ин ровиён метавон гуфт, ки қариб аз ҳамаи инҳо ба “имом ва ҳофиз” таъбир шуда ва хеле мадҳу ситоиш кардаанд, вале мо ба сиқа будани онҳо ва ба мадҳу ситоиш ба ҷиҳати тўлонӣ нашудан, ишора накардем ва дар хеле ҷоҳо баъзе аз иборотеро, ки дар арабӣ оварда шуда тарҷума низ накардем, ки худ метавонед бо он ошно шавед. Ва ҳам чунин мо дар матни арабие, ки овардаем саъй кардем ҳар ровиеро, ки баъзеҳо ўро рофизӣ ё зиёдарав дар шиа будан гуфтаанд биоварем, вале дар бораи ҳамаи ин ровиён хелеи дигар аз муҳаддисони аҳли суннат дар китобҳояшон танҳо бо иборати “ў шиа аст” кифоят кардаанд. Ва мо ба хотири ин ки барои хонандаи азиз собит шавад, ки ду даста кардани шиа ба “шиа” ва “рофизӣ” ҳақиқате надорад саъй кардем дар бораи ҳамин ровиёне, ки бисёре аз уламои аҳли суннат вайро шиа гуфтаанд ва баъзеҳо ўро рофизӣ хондаанд, иборати муттаҳам кардани ровӣ ба рофизӣ будан ё зиёдарав будан дар ташаййўъро бештар зикр кунем, то ин ҳақиқат барои хонандагон равшантар гардад, ки ба шиа ва рофизӣ ҷудо кардани ровиёни шиа баҳонае беш нахоҳад буд. 

1-ابان بن تغلب م8 4 ثقة شيعي امام المقرئ عالم كبير م 141.

Абон ибни тағлиб Муслим аз ў 8 ҳадис ривоят карда ва ў аз асҳоби Имом Саҷҷод ва Имом Боқир ва Имом Содиқ аст ва шиа будани ў машҳур ва маъруф аст, вале мебинед, ки Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар танҳо аз ў ба шиа, гуфтан кифоят мекунанд. (117)

 2-احمد بن المفضل م د س صدوق شيعي. من له راوية في ستة ذهبى 1ر88. من رؤساء الشيعة م215. تهذيب 1ر139.  

Аҳмад ибни Муфаззал ростгў ва шиа. Ибни Ҳаҷар мегўяд: Аз руасои шиа буд. Муслим дар саҳеҳаш аз ў ҳадис ривоят кардааст.

 3-اسيد بن زيد احتمل حديثه خ مع شيعية فيه شديدة م 220. هو شيخ البخاري.

Усайд ибни Зайд мутаваффои 220. Ў шайх ва устоди Бухорӣ аст. Бо вуҷуди шиаи сахт (яъне рофизӣ) буданаш боз ҳадисашро ривоят кардаанд. (118) Бухорӣ аз ў дар саҳеҳаш ҳадис ривоят кардааст.

 4-اصبغ بن نباتة ق كان شيعيا قال العجلي تابعي ثقة ووثقه ابن عدي.

 

 



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next