Имом Алӣ ва ёронаш



أخبرنا أبوحازم عمر بن أحمد بن إبراهيم العبدوي الحافظ بنيسابور أخبرنا محمد بن أحمد بن الغطريف العبدي بجرجان حدثنا محمد بن علي البلخي حدثني محمد بن أحمد التميمي بمصر حدثنا محمد بن جعفر الاسامي قال كان أبوحنيفة يتهم شيطان الطاق بالرجعة وكان شيطان الطاق يتهم أبا حنيفة بالتناسخ قال فخرج أبوحنيفة يوما إلى السوق فاستقبله شيطان الطاق ومعه ثوب يريد بيعه فقال له أبوحنيفة أتبيع هذا الثوب إلى رجوع علي فقال إن أعطيتني كفيلا أن لا تمسح قردا بعتك فبهت أبوحنيفة قال ولما مات جعفر بن محمد التقى هو وأبوحنيفة فقال له أبوحنيفة أما إمامك فقد مات فقال له شيطان الطاق أما إمامك فمن المنظرين إلى يوم الوقت المعلوم.

Абўҳанифа Шайтони Тоқ (Мўъмини Тоқ)-ро ба раҷъат муттаҳам мекард ва Мўъмини Тоқ Абўҳанифаро ба таносух муттаҳам мекард. Абўҳанифа ба бозор рафт ва бо Мўъмини Тоқ рў ба рў шуд, ки ҳамроҳаш куртае буд ва мехост онро бифурўшад. Абўҳанифа гуфт: Оё ин куртаро барои баргаштани Алӣ (ибни Абитолиб) мефурўшӣ. Ҷавоб дод: Агар барои ман кафилеро биоварӣ, ки ба маймун табдил нашавӣ ба ту мефурўшам, пас Абўҳанифа мабҳут шуду монд. Ҳамон ровӣ мегўяд: Вақте Ҷаъфар ибни Муҳаммад (Имом Содиқ) аз дунё рафт Мўъмини Тоқ бо Абўҳанифа рў ба рў шуд, Абўҳанифа ба ў гуфт: Аммо имомат (Имом Содиқ) ҳамоно мурд. Мўъмини Тоқ ба ў гуфт: Аммо имоми ту (шайтон) аз касоне аст, ки то рўзи қиёмат нигаҳдошта хоҳад шуд. (114)

Ин шаҳодатест аз ҷониби Абўҳанифа, Нўъмон ибни Собит имоми ҳанафиҳо бар ин ки Имом Содиқ алайҳис-салом раҳбару имоми шиаён будаанд ва ин шаҳодат, бисёре аз дурўғҳоеро низ, ки дурўғбофон аз забони Имом Содиқ алайҳис-салом бофтаанд, ошкор ва собит мекунад.

Дар хабари саҳеҳи дигар чунин ворид шудааст:

سمعت حسن بن زياد سمعت أبا حنيفة وسئل: من أفقه من رأيت؟ قال: ما رأيت أحدا أفقه من جعفر بن محمد لما أقدمه المنصور الحيرة بعث إلي فقال: يا أبا حنيفة إن الناس قد فتنوا بجعفر ابن محمد فهيئ له من مسائلك الصعاب. فهيأت له أربعين مسألة. ثم أتيت أبا جعفر وجعفر جالس عن يمينه فلما بصرت بهما دخلني لجعفر من الهيبة ما لا يدخلني لابي جعفر فسلمت وأذن لي فجلست. ثم التفت إلى جعفر فقال: يا أبا عبدالله تعرف هذا؟ قال: نعم. هذا أبو حنيفة. ثم أتبعها: قد أتانا. ثم قال: يا أبا حنيفة هات من مسائلك نسأل أبا عبدالله فابتدأت أسأله. فكان يقول في المسألة: أنتم تقولون فيها كذا وكذا وأهل المدينة يقولون كذا وكذا ونحن نقول كذا وكذا فربما تابعنا وربما تابع أهل المدينة وربما خالفنا جميعا حتى أتيت على أربعين مسألة ما أخرم منها مسألة. ثم قال أبو حنيفة أليس قد روينا أن أعلم الناس أعلمهم باختلاف الناس؟!

Ҳасан ибни Зиёд мегўяд: Аз Абўҳанифа шунидам ва савол шуд: Фақеътарин касе, ки дидаӣ кист? Гуфт: Касеро фақеҳтар аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад надидам, вақте Мансур (халифаи золими аббосӣ) ўро назди худаш хонда буд маро хосту гуфт: Эй Абўҳанифа ҳамоно мардум ба василаи Ҷаъфар гирифтор шуданд, пас барои ў саволҳои сахти худро омода кун. Барои ў 40 савол омода карда ба назди Мансур омадам, ки Ҷаъфар (Имом Содиқ) дар тарафи чапи вай нишаста буд, пас вақте ўро дидам ҳайбате ба вуҷудам аз ў дохил шуд, ки аз Мансур чунин ҳайбате ба ман дохил намешуд, пас салом додам ба ман иҷоза дод нишастам. Мансур ба Ҷаъфар (Имом Содиқ) гуфт: Эй Абоабдуллоҳ инро мешиносӣ? Гуфт: Оре, ин Абўҳанифа аст, гоҳе ҳам ба назди мо меомад. Мансур гуфт: Эй Абўҳанифа саволҳоятро биёр аз Абоабдуллоҳ бипурсем, пас ман ба савол додан сар кардам. Ў дар ҷавоби саволҳо чунин мегуфт: Шумо (аҳли раъй ва қиёс) дар бораи ин масъала чунин мегўед ва аҳли Мадина (муҳаддисон) чунин мегўянд ва мо (Аҳли Байт ва шиаён) чунин мегўем. Гоҳе бо мо ҳам назар буд ва гоҳе бо аҳли Мадина ва гоҳе ҳам бо ҳар ду гурўҳи мо мухолиф буд, то ин ки 40 масъаларо овардам ва ҳеҷ кадомро ҷо нагузошт ва ҷавоб дод. Баъд Абўҳанифа гуфт: Оё мо ривоят намекунем, ки донотарини мардум касе аст, ки ба ихтилофу назароти дигарон низ доно бошад.(115)

Уламои аҳли суннат, ки дар фазоили Абўҳанифа китоб навиштаанд, ба воқеият эътироф карда, дар бораи ин сухани Имом Содиқ гуфтаанд: Манзур аз ин ки мегўяд: “Шамо мегўед”, яъне ҳанафиҳо ва мақсад аз ин ки мегўяд: “Аҳли Мадина чунин мегўянд”, яъне муҳаддисон ва ин ки мегўяд: “Мо мегўем”, яъне шиаён. (116)

Албатта ин воқеият аз матни суханони Имом Содиқ низ хеле ба равшанӣ ба даст меояд ва Имом Содиқ агар раҳбари шиаён набуданд ва аз аҳли суннат буданд, ин гуна худро аз онҳо ҷудо муаррифӣ намекарданд, вале ба ҳар ҳол беҳтарин шоҳид барои мо ин аст, ки уламои аҳли суннат низ ба ин ҳақиқат эътироф кардаанд.

Ҳам акнун бо ровиёне, ки худи аҳли суннат бар шиа будани онҳо иқрор кардаанд ва Бухорӣ ва Муслим аз онҳо дар китобҳои худ ҳадис ривоят кардаанд, ошно хоҳем шуд ва ба инҳо тобеинеро низ, ки яке аз чаҳор саҳеҳи дигари аҳли суннат яъне саҳеҳи Тирмизӣ ва Абўдовуд ва Ибни Моҷа ва Насоӣ аз вай ҳадис ривоят кардаанд, изофа мекунем то равшан шавад, ки агар муҳаддисони шиа набошанд китобҳои ҳадисии аҳли суннат бо эътирофи уламои аҳли суннат аз байн мерафт.

Ровиёнӣ Кўфӣ дар саҳеҳайн



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next