Имом Алӣ ва ёронаш



قال ونا ابن أبي خيثمة نا أحمد بن منصور بن يسار نا عبد الرزاق قال قال معمر مرة وأنا مستقبله وتبسم وليس معنا أحد قلت ما شأنك قال عجبت من أهل الكوفة كان الكوفة إنما بنيت على حب علي ما كلمت أحدا منهم إلا وجدت المقتصد منهم الذي يفضل عليا على أبي بكر وعمر منها سفيان الثوري قال فقلت لمعمر ورأيته كأني أعظمت ذاك فقال معمر وما ذاك لو أن رجلا قال علي أفضل عندي منهما ما عنقته إذا ذكر فضلهما إذا قال عندي ولو أن رجلا قال عندي أفضل من علي وأبي بكر ما عنفته قال عبد الرزاق  فذكرت ذلك لوكيع بن الجراح ونحن خاليين فاشتلهاها أبو سفيان وضحك وقال لم يكن سفيان يبلغ بنا هذا الحد ولكنه أفضى إلى معمر ما لم يفض إلينا

Абдураззоқ мегўяд: Муаммар якбор ба ман гуфт ва ман рў ба рў ў будам табассум кард ва касе ҳам ҳамроҳи мо набуд пас гуфтам: Ба ту чӣ шуда (чаро механдӣ) гуфт: Аз аҳли Кўфа тааҷҷуб мекунам, Кўфа бо муҳаббати Алӣ барпо шуда буд. Ман бо касе аз аҳли Кўфа сўҳбат накардам, магар ин ки Алиро бартар ва афзал аз Абўбакру Умар медонист аз ҷумлаи онҳо Суфёни Саврӣ. Муаммар гумон кард, ки гўё ман ин ақида ва назарияро бузург ва аҷид мепиндорам бинобар ин гуфт: ин гуна нест, агар касе бигўяд, ки Алӣ назди ман афзал аст ман бо ў даст ба гардан намешавам агар фазли Абўбакру Умарро низ бигўяд. Абдураззоқ мегўяд: Ин суханро ба Вакиъ ибни Ҷарроҳ гуфтам, хандиду гуфт: Суфён назди мо ин эътиқодро ошкор намекард, вале он чиро, ки барои мо сирреро, ки бозгў ва равшан накард ба Муаммар ошкор ва бозгў намудааст.(112)

Аз ин эътирофи муҳаддисони бузурги аҳли суннат воқеияти чӣ гуна шиа будани муҳаддисони Кўфа равшан мешавад. Пас бе асос будани ин сухан, ки мегўянд: Аҳли Кўфа Алиро танҳо аз Усмон бартар медонистанд, собит мешавад ва ин баҳонаро аҳли суннат барои тавҷеҳи равишу мазҳаб ва эътиқоди худ мегўянд, дар оянда низ дар шарҳи ҳоли ровиёни шиа, ки Бухорӣ ва Муслим аз онҳо ҳадис ривоят кардаанд, ин ҳақиқат ва чӣ гуна шиа будани муҳаддисони Кўфа равшантар хоҳад шуд.

Саҳеҳи Муслим пур аз ровиёни шиа аст

Бо эътирофи шогирди Имом Муслим, саҳеҳ Муслим пур аз аҳодиси ровиёни шта аст, ки дар зер бо ин эътироф ошно хоҳем шуд.

وروي الخطيب أيضاً عن محمد بن نعيم الضبّي قال: سمعت أبا عبد اللّه محمد بن يعقوب وسئل عن الفضل بن محمد الشعراني فقال: صدوق في الرواية إلّا أنّه كان من الغالين في التشيع، قيل له: فقد حدثت عنه في الصحيح؟ فقال: لأنّ كتاب أستاذي ملآن من حديث الشيعة، يعني مسلم بن الحجاج

Аз Муҳаммад ибни Яъқуб савол карданд, ки Фазл ибни Муҳаммад чӣ хел шахсе аст? Гуфт: Дар ҳадис ва ривоят садуқ ва ростгў аст. Магар ин ки ў дар шиагӣ ғолӣ ва зиёдарав аст. Ба ў гуфта шуд: Дар китоби саҳеҳат аз ў ҳадис ривоят кардӣ? Гуфт: Чун китоб устодам Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ пур аст аз аҳодиси шиа.(113)

Ин ҷо низ мебинем, ки дар бораи шиаёни ғолӣ сухан ба миён меояд ва эътироф мекунад, ки саҳеҳи Муслим пур аст аз ин гуна ровиёни шиа, ки дар таъбири онҳо шиаи ғолӣ ҳастанд, чун мўътақиданд, ки Имом Алӣ бартар аз ҳамаи саҳоба ҳастанд. Пас бо эътирофи ин шахсияти бузург, саҳеҳи Муслим пур аз ровиёни рофизӣ будааст, чун ғолӣ дар шиагариро Ибни Ҳаҷар рофизӣ муаррифӣ кард.

Имом Содиқ ва мазҳаб

Баъзеҳо чун наметавонанд ҷойгоҳи Аҳли Байт ва Имом Содиқ алайҳис-саломро инкор кунанд, барои пинҳон доштани ҳақ ва дар шакку гумроҳӣ нигаҳ доштани мардум, Имом Содиқро як шахсият ва олими суннӣ муаррифӣ мекунанд, бинобар ин мехоҳем ин матлаб низ бо ишора ва ба ахбору суханон ва эътирофоти бузургони аҳли суннат равшан гардад. Пас барои равшан шудани ҳақиқати ин мавзўъ ба ахбори зер таваҷҷўҳ фармоед:



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next