Имом Алӣ ва ёронаш



Вале бо вуҷуди ин ҳама аҳодиси саҳеҳ ва суханони худи саҳоба ва тобеин ва муҳаддисон, касоне, ки дар қалбашон маризӣ вуҷуд дорад бо пайравӣ аз шахси зиндиқ ва дурўғбофе ба номи Сайф ибни Умар, ки худи муҳаддисони аҳли суннат бо иҷмоъ ўро зиндиқ, каззоб ва заиф муаррифӣ кардаанд, шиаро мазҳабе, ки Абдуллоҳ ибни Сабаи яҳудӣ ихтироъ карда, муаррифӣ мекунанд ва бо ин гуна суханони бе асос мехоҳанд мардумро фиреб диҳанд. Пас ин гуна дурўғгўён дар бораи ин саҳоба ва тобеин ва муҳаддисони бузургашон, ки дар зер хоҳад омад, чӣ мегўяд ва чӣ гуна бе асосу бофта будани худро аз мардум пинҳон хоҳанд дошт!!!

Чӣ гунагии мазҳаби аҳли Кўфа

Аҳли суннат мегўянд: Шиаёни Кўфа (дар қарни ду ва севвум дар авҷгирии ҳадис ва муҳаддисон) Алиро афзал аз Усмон медонистанд на аз Абўбакр ва Умар ва ин як навъ фиреб ва ҳақпўшӣ аз ҷониби онҳост. Ахборе, ки худи уламои аҳли суннат дар китобҳояшон аз кўфиён нақл кардаанд равшан ва собит мекунад, ки шиаёни Кўфа ҳеҷ як аз саҳобаро ҳаргиз бар Имом Алӣ алайҳис-салом бартар ва афзал намедониста ва бартариро аз Имом Алӣ сар мекардаанд.

Барои равшан шудани ҳақиқати он чӣ гуфтем, чанд намуна аз эътирофоти бузургони аҳли суннатро дар зер зикр хоҳем кард. 

عن زيد بن الحباب قال: كان رأي سفيان الثوري رأي الكوفيين يفضل عليا على أبي بكر وعمر فلما سار إلى البصرة رجع يعني إلى القول بتفضيلهما عليه.

Зайд ибни Ҳаббоб мегўяд: Раъю эътиқоди Суфёни Саврӣ ҳамон раъю эътиқоди аҳли Кўфа буд, ки Алиро афзал ва бартар аз Абўбакру Умар медонист, пас вақте ба Басра рафт аз ин эътиқодаш баргашт ва он дуро бартар аз Алӣ донист.(109)

وقول ابراهيم الحجبى للشافعي رواه البيهقي: ما رأيت هاشميا قدمهما -يعني الشيخين- على علي غيرك. فأجابه بأن عليا ابن عمي وابن خالتي وأنا رجل من بني عبد مناف وأنت رجل من بني عبد الدار ولو كانت هذه مكرمة لكنت أولى بها منك ولكن ليس الامر على ما تحسب.

 Иброҳим ибни Абдуллоҳ ба Шофеъӣ гуфт: Ман ҳеҷ ҳошимиеро надидам, ки Абўбакр ва Умарро бартар аз Алӣ бидонад ғайр аз ту... (110)

ابن أبي خيثمة قال سمعت يحيى بن معين يقول قال يحيى بن آدم: ما أدركت أحدا بالكوفة إلا يفضل عليا يبدأ به وما استثنى أحدا غير سفيان الثوري.

Яҳё ибни Одам мегўяд: Ман бо касе дар Кўфа мулоқот накардам, магар ин ки Алиро афзал медонист ва аз Алӣ бартариро сар мекард ва касеро ғайр аз Суфёни Саврӣ истисно накард. (111)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next