Имом Алӣ ва ёронаш



 

 

عرف جماعة من كبار الصحابة بموالاة علي في عصر رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم مثل: سلمان الفارسي القائل: "بايعنا رسول الله على النصح للمسلمين والائتمام بعلي بن أبي طالب والموالاة له" ومثل: أبي سعيد الخدري الذي يقول: "امر الناس بخمس فعملوا بأربع وتركوا واحدة ولما سئل عن الاربع قال: الصلاة والزكاة وصوم شهر رمضان والحج قيل له: فما الواحدة التي تركوها؟ قال: ولاية علي بن أبي طالب قيل له: وإنها لمفروضة معهن؟ قال: نعم هي مفروضة معهن "ومثل: أبي ذر الغفاري وعمار بن ياسر وحذيفة بن ثابت وأبي أيوب الانصاري وخالد بن سعيد بن العاص وقيس بن سعيد بن عبادة وكثير امثالهم".

Гурўҳе аз бузургони саҳоба дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам ба вилояти Алӣ маъруф буданд аз ҷумлаи онҳо Салмони Форсӣ буд, ки мегуфт: Мо бо Паёмбар байъат кардем бар хайрхоҳӣ барои муслимин ва иқтидо ба Алӣ ибни Абитолиб. Ва монанди Абўсаиди Худрӣ, ки мегуфт: Мардум ба панҷ чиз амр шуданд чор тои онро анҷом доданд ва якеро тарк карданд. Вақте аз он чор чиз савол шуд гуфт? Намоз, закот, рўзаи моҳи Рамазон ва ҳаҷ. Аз вай савол шуд: Он чиро, ки такр карданд чӣ аст? Гуфт: Вилояти Алӣ ибни Абитолиб. Аз вай савол шуд, ки оё вилояти Алӣ монанди он чор воҷиб аст? Гуфт: Оре.  Ва монанди Абўзари Ғифорӣ, Аммор ибни Ёсир, Ҳузайфа ибни Ямон, Зўшаҳодатайн Хузайма ибни Собит, Абўаюби ансорӣ, Холид ибни Саид ибни Ос, Қайс ибни Саъд ибни Ибода ва хеле касоне дигар  монанди инҳо. (106)

Ў Муҳаммад ибни Абдураззоқ ибни Муҳаммад Курдалӣ мутаваффои 1372 аҳли Шом аст ва шарҳи ҳолаш дар китобҳои зер омадааст. (107)

Ҳасан ибни Фараҳони ҳанбалии ваҳҳобӣ мегўяд:

وكان هناك قسم آخر من كبار المهاجرين لم يبايعوا ابابكر وعلي رأسهم علي بن ابي طالب رضي الله عنه وكان معه بنو هاشم قاطبة كعمه العباس وابنائه عبدالله والفضل ومن كبار المهاجرين الاولين كعمار وسلمان وابي ذر والمقداد وغيرهم كما كان معهم بعض الانصار كأبي بن كعب والبراء بن عازب وجابر بن عبدالله وغيرهم من عموم الصحابة الذين كانوا يرون ان علي بن ابي طالب كان أكفأ الناس لتولي الامر بعد النبي (صلي الله عليه وآله( لكونه اول من اسلم ... بل تبين ان معظم الانصار كانوا يميلون مع علي اكثر من ميلهم مع ابي بكر رضي الله عنهما لكن السبب في بيعتهم ابابكر وتركهم عليا ان عليا لم يكن موجودا في السقيفة اثناء المجادلة والمناظرة مع الانصار وربما لو كان موجودا لتم له الامر لان بعض الانصار لما رأوا ان الامر سينصرف عن سعد بن عبادة هتفوا باسم علي في السقيفة والانصار كانوا اغلبية في المدينة وعلي كان مشغولا بجهاز النبي (صلي الله عليه وآله) من غسله وتكفينه..

Онҷо қисми дигаре аз бузургони муҳоҷирин буданд, ки бо Абўбакр байъат накарданд ва дар раъси онҳо Алӣ ибни Абитолиб буд ва ҳамроҳи Ў тамоми Бани Ҳошим буданд монанди Аббос ва фарзандонаш Абдуллоҳ ва Фазл ва дигар бузургони муҳоҷир монанди Аммор ва Салмон ва Абўзар ва Миқдод ва ғайри инҳо ва ҳамроҳи инҳо баъзе ансор низ монанди Убай ибни Каъб ва Барроъ ибни Озиб ва Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва ғайри инҳо умуми саҳобае буданд, ки мўътақид буданд Алӣ ибни Абитолиб сазовортарин шахс барои ба даст гирифтани хилофат баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст, ба хотири ин ки аввал касест, ки Ислом оварда ва ... Балки собит шуда, ки аксари ансор моил ба сўи Алӣ буданд нисбат ба ин ки моил ба Абўбакр бошанд, вале сабаби байъаташон ба Абўбакр ва таркашон Алиро ин буд, ки Алӣ, дар Сақифа ба ҳангоми ҷидолу мунозираи ансор ҳузур надошт ва агар Алӣ онҷо ҳузур дошт ба эҳтимоли зиёд ў халифа мешуд, чун баъзе аз ансор вақте диданд, ки хилофат аз дасти Саъд ибни Убода меравад, билофосила дар ҳамон Сақифа номи Алиро ба миён оварданд ва ансор дар Мадина аксариятро ташкил медоданд ва Алӣ машғули анҷоми ғуслу кафану дафни Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ буд...(108)

Ибни Фараҳон аз уламои асри ҳозири ваҳҳобиҳо ва сокини шаҳри Риёз пойтахти Арабистон аст ва ў дар ин китобаш эътироф мекунад, ки аз ғолиёни ваҳҳобӣ буда, вале Худованд ҳидояташ карда ва мўътадилу миёнарав шудааст.

Ин гувоҳӣ ва шаҳодати уламои бузурги аҳли суннат аст, ки инсоф ба харҷ дода ба ин ҳақиқат эътироф кардаанд, ки шиа аз ҳамон замони Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо ташвиқҳои он ҳазрат ба вуҷуд омада буданд, ки Аҳли Байт худро бар хилофат сазовортар аз дигарон медонистанд ва...



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next