Имом Алӣ ва ёронаш



Ибни Абдулбар мегўяд:

روي عن سلمان وأبي ذر والمقداد وخباب وجابر وأبي سعيد الخدري وزيد بن أرقم أن علي بن أبي طالب أول من أسلم وفضله هؤلاء على غيره.

Аз Салмон ва Абўзар ва Миқдод ва Хаббоб ибни Арат ва Ҷобир ва Абўсаиди Худрӣ ва Зайд ибни Арқам ривоят шуда, ки Алӣ ибни Абитолиб аввал касе аст, ки имон овардааст ва ин саҳобаҳо Алиро бар ғайраш бартарӣ медоданд. (100)

Пас аз он чӣ гузашт ин бист саҳобае, ки Ибни Ҳазм мегўяд: Алиро бартарини саҳоба медонистанд ва Салмон, Абўзар, Миқдод, Хаббоб, Ҷобир, Абўсаид, Зайд, Аммор ва Абўтафил ва дигарон аз саҳоба бинобар эътиқоди аҳли суннат рофизӣ будаанд ва ин айбест назди онҳо барои ин саҳоба.

Аввал мазҳабе, ки дар Ислом ба вуҷуд омад

Акнун бубинем, ки мазҳаби шиа, ки баъзеҳо ин ҳама тўҳматҳо бар он мезананд ва бо суханони бе асос ва ноҳақ чеҳраи ин мазҳабро бар мардуми мусулмон сиёҳ ҷилва медиҳанд ба эътиқоди худи аҳли суннат ва эътирофи бузургони онҳо кай ба вуҷуд омадааст.

ابوحاتم الرازي احمد بن حمدان متوفى 322: ان اول اسم لمذهب ظهر في الاسلام هو الشيعة وكان هذا لقب اربعة من الصحابة: ابوذر وعمار ومقداد وسلمان.

Абўҳотами Розӣ Аҳмад ибни Ҳамдон мутаваффои соли 322 мегўяд: Аввалин мазҳабе, ки дар Ислом ба вуҷуд омаду ошкор шуд мазҳаби шиа аст ва он лақаби 4 нафар аз саҳоба: Лақаби Абўзар ва Аммор ва Миқдод ва Салмон буд. (101)

Ибни Ҳаҷар дар бораи Абўҳотами Розӣ мегўяд: Ибни Бобўя дар таърихи Рай мегўяд: Аҳли фазл ва адаб ва марифат ба луғат буд ва аҳодиси зиёдеро шунид ва ў дорои китобҳост, сипас ба гумроҳӣ гаравид ва аз доиёни исмоилия шуд ва соли 322 вафот кард. Заркалии ваҳҳобӣ баъд аз нақли сухани Ибни Ҳаҷар мегўяд: Аз ҷумла китобҳояш китоби “Аз-Зинат” аст.(102)

احمد امين: قد بدأ التشيع من فرقة من الصحابة كانوا مخلصين في حبهم لعلي يرونه احق بالخلافة لصفات رواها فيه. ومن اشهرهم سلمان وابوذر والمقداد.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next