Имом Алӣ ва ёронаш



7-قيس بن عباد القيسي خ11 م5 د س ق من التابعين كان شيعيا قتله حجاج صبرا. من له رواية في ستة ذهبى 2ر4608.

Қайс ибни Ибод, аз тобеин ва шиа буд ва Ҳаҷҷоҷ тадриҷан бо азобу шиканҷа ўро кушт. Бухорӣ аз ў 11 ва Муслим 5 ва бақия аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Ман лаҳу ривоят фи кутубис ситта ҷ2р4608. Ўро ҷузви саҳоба низ хондаанд. Ал-Исоба ҷ5р7317.

8-ظالم بن عمرو ابوالاسود الدؤلى ع خ3 م6 وكان من وجوه الشيعة. سير ذهبى 4ر28. اسلم في عهد النبي. تهذيب عن واقدي.

Золим ибни Амр Абўасвади дўалӣ, дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ имон оварда ва ў аз чеҳраҳои бузурги шиа аст. (93) Сиҳоҳи шашгона аз ў ҳадис ривоят кардаанд. Бухорӣ аз ў 3 ва Муслим 6 ҳадис ривоят кардаанд. Ў аз асҳоби Имом Алӣ то Имом Саҷҷод аст.

9-صعصعة بن صوحان س هو من رجال الشيعة. كان الراية يوم الجمل بيد اخيه زيد وقتل واخذها اخيه سيحان وقتل واخذه صعصعة بعدهما. المعارف ص 206.  كان من كبار اصحاب علي. سير 3/528ر134.

Саъсаъа ибни Савҳон, Шаҳристонӣ ўро аз риҷоли шиа хондааст. Дар ҷанги Ҷамал парчам дар дасти бародараш Зайд буд, ў кушта шуд ва парчамро бародари дигараш Сайҳон гирифт ва ў низ кушта шуд ва баъд парчамро Саъсаъа ба даст гирифт.(94) Насоӣ аз ў ҳадис ривоят карда ва ў аз тобеин ва аз ёри наздик Имом Алӣ аст.  Заҳабӣ мегўяд: Аз бузургони асҳоби Алӣ буд. Сияру аъломун нубало 3/528р134. Саъсаъа ва ҳар ду бародараш аз саҳоба хонда шудаанд. Ба Ал-Исоба”-и Ибни Ҳаҷар муроҷиат шавад.  Ў ва бародараш Зайд ҷазви гурўҳе аз саҳоба ва тобеине буданд, ки Усмонро дашном медоданд. Таърихи Табарӣ 3/265-267. Таърихи Ибни Касир 7/186.

10-مالك بن اشتر: قال الذهبي: كان شهما مطاعا زعرا، ألب على عثمان وقاتله وكان ذا فصاحة وبلاغة. شهد صفين مع علي. وسر بهلاكه عمرو بن العاص وقال: إن لله جنودا من عسل.

Молик ибни Ҳориси Аштар, Насоӣ дар саҳеҳаш аз ў ҳадис ривоят кардааст. Шахси нерўманд ва фармонбардор буд, мардумро бар зидди Усмон ҷамъ кард, фасеҳ ва балиғ буд дар ҷанги (Ҷамал) ва Сиффин ҳамроҳи Алӣ ҳузур дошт. Вақте кушта шуд, Амр ибни Ос хушҳол шуд ва гуфт: Худо лашкаре аз асал дорад. (Муовия ва Амр бо нақша ба ў асли заҳролудро хўрониданд ва ўро шаҳид карданд). (95)

Боз Заҳабӣ менависад:

ولما رجع علي من موقعة صفين جهز الاشتر واليا على ديار مصر فمات في الطريق مسموما فقيل: إن عبدا لعثمان عارضه فسم له عسلا وقد كان علي يتبرم به لانه كان صعب المراس فلما بلغه نعيه قال: إنا لله مالك وما مالك! وهل موجود مثل ذلك؟ لو كان حديدا لكان قيدا ولو كان حجرا لكان صلدا على مثله فلتبك البواكي.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next