Имом Алӣ ва ёронаш



Ҳуҷр ибни Адӣ (аз бузургони саҳоба) аз шиаёни Алӣ буд. (86)

Боз Заҳабӣ мегўяд:

2-وخلف حجر ولدين: عبيد الله وعبد الرحمن. قتلهما مصعب بن الزبير الامير وكانا يتشيعان.

Ҳуҷр ибни Адӣ аз худ ду фарзанд ба ҷой гузошт, ки Убайдуллоҳ ва Абдураҳмон ҳастанд. Ва он дуро Мусъаб ибни Зубайри амир ба қатл расонид ва ҳар дуи онҳо шиа буданд.(87)

-عامر بن واثلة ابوطفيل ع م110 خ1 م35 كان يعترف بفضل ابي بكر وعمر ولكنه يقدم عليا كان من شيعة الامام علي. سير ذهبى 3ر97. وكان متشيعا. تهذيب 5ر135.

Ибни Ҳаҷар мегўяд: Абўтафил Омир ибни Восила (аз саҳоба) ба фазилати Абўбакру Умар эътироф дошт, вале Алиро бар он ду муқаддам медошт. (88) Боз Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар мегўянд: Омир аз шиаёни Алӣ буд. (89)

Соҳибони сиҳоҳи шашгонаи аҳли суннат ҳама аз Абўтафил ҳадис ривоят кардаанд. Бухорӣ 1 ҳадис ва Муслим 35 ҳадис аз ў ривоят кардаанд.

Хатиби бағдодӣ мегўяд:

خطيب عن ابي عبد الله بن الاحزم الحافظ انه سئل: لم ترك البخاري الرواية عن الصحابي ابي الطفيل؟ قال: لانه كان يفرط في التشيع.

Аз Ибни Аҳзами Ҳофиз савол шуд: Чаро Бухорӣ ривояти ҳадис аз Абўтафили саҳобиро тарк кардааст? Гуфт: Чун Абўтафил дар шиагӣ ғолӣ ва зиёдарав буд.(90)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next