Имом Алӣ ва ёронаш



Заҳабӣ мегўяд:

فلو رد حديث هؤلاء (الرواة الشيعة) لذهب جملة من الاثار النبوية وهذه مفسدة بينة.

Агар ҳадиси ровиёни шиа канор гузошта шавад, ҳамаи аҳодисе, ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ расида, аз байн хоҳад рафт ва ин фасодкории ошкоре хоҳад буд. (84)

وقال ابن المديني: لو تركت أهل الكوفة لذلك الرأي يعني التشيع خربت الكتب. عقّبه الخطيب: قوله خربت الكتب يعني لذهب الحديث

Алӣ ибни Мадинӣ, ки устоди Бухорӣ аст мегўяд: Агар (аҳодиси) кўфиён ба хотири шиа буданашон канор гузошта шавад китобҳо вайрон мешаванд. Хатиб мегўяд: Манзураш ин ки: Аҳодис ҳатман аз байн ҳоҳад рафт. (85)

Ин эътирофи шахсиятҳои бузурги аҳли суннат аст, ки агар шиаён набуданд ҳадисе барояшон боқӣ намемонд.

Саҳоба ва мазҳаб

Ин ки аҳли суннат ин қадар ҳассосият дар бораи саҳоба доранд ва мақоми ҳамаи онҳоро бе истисно воло ва хадшанопазир медонанд, вале вақте ба шиа мерасанд, ин эътиқодро фаромўш мекунанд ва саҳобагонеро, ки ба шиа будан маъруф ҳастанд бадтарин тўҳматҳоро бар онҳо раво медоранд. Ва ин воқеиятест, ки дар китобҳои аҳли суннат дар мавзўоти мухталиф мушоҳида мешавад. Акнун мехоҳем бо саҳобагоне, ки худи аҳли суннат бар шиа будани онҳо эътироф кардаанд, ишора кунем ва бо онҳо ошно шавем.

 Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар мегўянд:

1-كان (حجر بن عدي) من شيعة علي.



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next