Имом Алӣ ва ёронаш



Акнун бубинем, ки мазҳаби шиа, ки баъзеҳо ин ҳама тўҳматҳо бар он мезананд ва бо суханони бе асос ва ноҳақ чеҳраи ин мазҳабро бар мардуми мусулмон сиёҳ ҷилва медиҳанд ба эътиқоди худи аҳли суннат ва эътирофи бузургони онҳо кай ба вуҷуд омадааст.

ابوحاتم الرازي احمد بن حمدان متوفى 322: ان اول اسم لمذهب ظهر في الاسلام هو الشيعة وكان هذا لقب اربعة من الصحابة: ابوذر وعمار ومقداد وسلمان.

Абўҳотами Розӣ Аҳмад ибни Ҳамдон мутаваффои соли 322 мегўяд: Аввалин мазҳабе, ки дар Ислом ба вуҷуд омаду ошкор шуд мазҳаби шиа аст ва он лақаби 4 нафар аз саҳоба: Лақаби Абўзар ва Аммор ва Миқдод ва Салмон буд. (101)

Ибни Ҳаҷар дар бораи Абўҳотами Розӣ мегўяд: Ибни Бобўя дар таърихи Рай мегўяд: Аҳли фазл ва адаб ва марифат ба луғат буд ва аҳодиси зиёдеро шунид ва ў дорои китобҳост, сипас ба гумроҳӣ гаравид ва аз доиёни исмоилия шуд ва соли 322 вафот кард. Заркалии ваҳҳобӣ баъд аз нақли сухани Ибни Ҳаҷар мегўяд: Аз ҷумла китобҳояш китоби “Аз-Зинат” аст.(102)

احمد امين: قد بدأ التشيع من فرقة من الصحابة كانوا مخلصين في حبهم لعلي يرونه احق بالخلافة لصفات رواها فيه. ومن اشهرهم سلمان وابوذر والمقداد.

Аҳмад Амин аз уламои суннии Миср мегўяд: Ҳамоно ташаййўъ (шиа) аз гурўҳе аз саҳоба сар шуд, ки дар муҳаббаташон бар Алӣ холис буданд ва ўро бар хилофат сазовортар аз дигарон медонистанд ба хотири сифоте, ки дар ў буд. Ва аз машҳуртарини ин саҳоба Салмон ва Абўзар ва Миқдод буданд.(103)

صبحي صالح: كان بين الصحابة حتي في عهد النبي شيعة لربيبه علي منهم ابوذر والمقداد ... وجابر بن عبدالله وابي بن كعب وابوطفيل وعباس بن عبدالمطلب وجميع بنيه وعمار وابوايوب.

Дар байни саҳобаи Паёмбари Акрам дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам шиаён ва ҳаводорони Алӣ вуҷуд доштанд, ки аз ҷумлаи онҳо Абўзар, миқдод, Ҷобир, Убай ибни Каъд,  Абўтафил ва Аббос ва ҳамаи фарзандонаш ва Аммор ва Абўаюб будаанд.(104)

ابن خلدون: (اعلم) أن مبدأ هذه الدولة (دولة الشيعي) ان أهل البيت لما توفى رسول الله كانوا يرون أنهم أحق بالامر وأن الخلافة لرجالهم دون من سواهم من قريش ...وفى الصحيح أيضا أن رسول الله قال في مرضه الذى توفى فيه هلموا أكتب لكم كتابا لن تضلوا بعده أبدا فاختلفوا عنده في ذلك وتنازعوا ولم يتم الكتاب وكان ابن عباس يقول ان الرزية كل الرزية ما حال بين رسول الله وبين ذلك الكتاب لاختلافهم ولغطهم حتى لقد ذهب كثير من الشيعة إلى أن النبي أوصى في مرضه ذلك لعلى ولم يصح ذلك من وجه يعول عليه وقد أنكرت هذه الوصية عائشة وكفى بانكارها وبقى ذلك معروفا من أهل البيت وأشياعهم وفيما نقله أهل الآثار أن عمر قال يوما لابن العباس ان قومكم يعنى قريشا ما أرادوا أن يجمعوا لكم يعنى بنى هاشم بين النبوة والخلافة فتحموا عليهم وأن ابن عباس نكر ذلك وطلب من عمر اذنه في الكلام فتكلم بما عصب له وظهر من محاورتهما أنهم كانوا يعلمون أن في نفوس أهل البيت شيأ من أمر الخلافة والعدول عنهم بها وفى قصة الشورى أن جماعة من الصحابة كانوا يتشيعون لعلى ويرون استحقاقه على غيره ولما عدل به إلى سواه تأففوا من ذلك وأسفوا له مثل الزبير ومعه عمار بن ياسر والمقداد بن الاسود وغيرهم. تاريخ ابن خلدون 3/170-171.

Ибни Халдун олим ва муваррихи аҳли суннат мегўяд: Бидон, ҳамоно саршавии ин давлат (давлати шиӣ), ҳамоно Аҳли Байт вақте Паёмбар аз дунё рафт мўътақид буданд, ки сазовортарини мардум барои хилофат ва раҳбарии уммат ҳастанд... Дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Паёмбар дар маризие, ки аз он вафот кард фармуд: биёед бароятон чизе нависам, ки баъд аз ман ҳаргиз гумроҳ нашавед, пас (саҳоба) назди он ҳазрат ихтилоф карданд ва китоб навишта нашуд. Ибни Аббос ҳамеша мегуфт, ки бусибат ҳамаи бусибат он рўз буд, ки байни Паёмбар ва байни он китобе, ки мехост бинависад ҷудоӣ андохтанд ва нагузоштанд, ки нависта шавад. Бисёре аз шиа мўътақиданд, ки Паёмбар дар он маризиаш бар Алӣ васият карданд ва ин саҳеҳ нест ва чунин васиятро Оиша инкор карда ва инкори ў кифоят мекунад. Ва ин матлаб аз Аҳли Байт ва шиаёнашон маъруф боқӣ монд ва дар ин бора нависандагон нақл кардаанд, ки рўзе Умар ба Ибни Аббос гуфт: Ҳамоно қавматон (яъне қурайш) нахостанд, ки набувват ва хилофатро дар шумо ҷамъ кунанд, Ибни Аббос бо иҷозаи Умар сухан гуфт ва аз суханонашон ошкор мешавад, ки онҳо (Умар ва ёваронаш) медонистанд, ки Аҳли Байт худро соҳиби хилофат ва раҳбарӣ медонистанд. Ва дар қиссаи Шўро ҷамоате аз саҳоба ба Алӣ шиагӣ мекарданд ва эътиқод доштанд, ки Алӣ аз дигарон сазовортар бар хилофат аст. Вақте хилофат ба ғайри Алӣ гузашт таассуф хўрданд, монанди Зубайр ва Аммори Ёсир ва Миқдод ва ғайри инҳо.(105)



back 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 next